Дар бораи овозхони машҳури амрикоӣ Майкл Ҷозеф Ҷексон филми ҳуҷҷатие ба навор гирифта шудааст, ки рӯзҳои наздик намоиши он дар назар аст.

Тавре ки Оҷонсии иттилотии “InterMedia” хабар медиҳад, филми ҳуҷҷатӣ “Марги Майкл Ҷексон” (“Killing Michael Jackson”) ном дошта, бахшида ба 10-умин солгарди рӯзи марги овозхон тариқи шабакаи “Discovery” намоиш дода мешавад.

Филм аз ҷониби ширкати бритонии “Zig Zag Productions” ба навор гирифта шуда, барои иҷрои нақшҳои асосӣ ҳунармандон аз худи Амрико даъват шудаанд.

“Филм ба солгарди марги Майкл Ҷексон бахшида шуда, тамошобинро бо лаҳзаҳои охири марги овозхон ошно месозад”,-гуфтааст Мэтт Графф, продюсери ширкати “Zig Zag Productions”.

Майкл Ҷексон 25-уми июни соли 2009 дар синни 50-солагӣ аз дунё гузашта буд ва имсол аз марги ӯ 10 сол пур мешавад. Замони дақиқи пахши филм маълум нест, вале эҳтимол санаи 25-уми июн, ки рӯзи марги овозхон аст, намоиш дода шавад.

Инчунин, шабакаи “Discovery” ният дорад, ки филмро дар қаламрави Амрико ва Аврупо низ намоиш бидиҳад, вале замони намоиш ҳоло дертар маълум карда мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here