Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” филми наверо ба навор гирифта, ки моҳҳои наздик нахустнамоиши он дар назар аст. Дар ин бора маъмурияти муассиса дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар додаанд.

Филми мазкур “Умар-ако” унвон гирифта, Умаралӣ Сатторов, ки дар филмҳои қаблӣ нақшҳои дуюмдараҷаро иҷро мекард, нақши асосиро бозидааст. Аҳли эҷоди “Суғдсинамо” нақша доранд, ки давоми нимсолаи дуюм филми дигари мустанадеро низ ба навор бигиранд.

Директори ин муассиса дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон қайд намуд, ки филмҳои “Тангно” ва “12 соли интизорӣ” моҳи июни соли равон давоми ду рӯз дар яке аз театрҳои шаҳри Маскав ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов 1-уми марти соли 2015 расман фаъолияти худро оғоз намуда, роҳбарият ният доранд, ки то ҷашни 5-солагии муассиса кулли камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here