Шаби 7-ум ва 8-уми май дар бозии ҷавобии Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо клуби футболи «Ливерпул»и Англия ва “Тотенҳэм”-и Англия мухлисони футболро ба ҳайрат оварданд.

Дастаи “Ливерпул” дар вохӯрии аввалии худ дар варзишгоҳи “Камп Ноу”-и  Каталонияи Испания аз дастаи «Барселона» бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрда буд. “Ливерпул” дар бозии ҷавобӣ, ки дар майдони худ шаби 7-уми май баргузор гардид, бозии олӣ нишон дода, «Барселона»-ро тавонист бо ҳисоби 4:0 шикаст диҳад ва ба финали Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёбад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии гузашта ду бозигари калидии “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ ва Фирминио аз сабаби бардоштани ҷароҳат иштирок карда натавонистанд. Юрген Клопп, сармураббии «Ливерпул» пеш аз бозии ҷавобӣ гуфт, ки ҳарчанд камбэк ҳам накунанд, аммо як бозии олие бояд нишон диҳанд ва бо сари баланд аз майдон берун раванд.

Дар финал «Ливерпул» бо ғолиби ҷуфти дигари нимфинал «Тотенҳэм» (Англия), ки бо ҳисоби 3 бар 2 «Аякс»-и (Нидерланд)-ро шикаст дод, бозӣ мекунад.

Бозии финалӣ шаби 2-юми июни соли ҷорӣ соати 00:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Метрополитано»-и шаҳри Мадриди Испания баргузор мегардад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here