Шоми 10-уми апрели соли ҷорӣ дар саҳнаи театри давлатии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бори нахуст намоишномаи “Фирдавсӣ” ба намоиш гузошта шуд.

Намоишномаи мазкур аз рӯи романи “Фирдавсӣ”-и адиби тоҷик Сотим Улуғзода рӯи кор омада, таҷассумгари бархӯрди ҳокимони давр бо адибон мебошад.

Баъди ба тахт нишастани Султон Маҳмуд аз салтанати Ғазнавӣ, Фирдавсии шоир “Шоҳнома”-и худро бо мадҳияе ба ӯ тақдим мекунад. Дар дарбор “Шоҳнома”-ро на танҳо ба хубӣ қабул намекунанд, балки Фирдавсиро барои таваҷҷӯҳ ба дину оини ниёгони худ накӯҳиш мекунанд. Қадри шоиру сухан, ноҳақӣ ба адибон ва муносибати ҳокимон ба заҳмати онҳо аз мавзӯъҳои асосии намоишномаи “Фирдавсӣ” мебошад. Коргардон дар мисоли Абулқосим Фирдавсӣ, шоири асри Х бархӯрди дарбориёнро ба шоироне, ки аз дарбор дуранд, вале қалами бурро доранд, рӯи саҳна овардааст.

Султон Усмонов, коргардони тоҷик намоишномаи мазкурро аз рӯи романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода таҳия намуда, ҳунарманди маъруфи театру синамо, Қурбони Собир нақши Фирдавсиро бозидааст. Султон Усмонов мегӯяд, имрӯз бояд ҳар як тоҷик ба қадри бузургон, санъату фарҳанг ва расму оин бирасад.

Тақдири Фирдавсӣ пас аз ҳазор соли маргаш ва романи Улуғзода баъди зиёда аз сӣ соли таълиф шуданаш, рӯи саҳнаи театри тоҷик омад. Дар рӯзи нахустнамоиш театр аз тамошобин пур буд ва ин дар ҳолест, ки қаблан масъулин аз камтаваҷҷӯҳии мардум ба театр шикоят мекарданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here