Рӯзи 31-уми марти соли равон дар маркази фарҳангии “Вдохновение”-и шаҳри Маскав, ки дар кӯчаи Литовский Булвар 7 воқеъ аст, консерти овозхони шинохтаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова баргузор гардид.

 “Hisor Media” ташкилкунандаи асосии барномаи консертӣ мебошад ва нақшаи баргузории ин барномаи консертӣ берун аз Тоҷикистон дар ҳоле ба миён омад, ки чанд рӯз қабл Фирӯза барои муҳоҷирон суруди “Ғарибӣ”-ро омодаву пешкаш сохта буд. Дар наворҳо дида мешавад, ки чӣ гуна баргузоркунандагони ин чорабинӣ овозхонро дар фурӯдгоҳи шаҳри Маскав бо гулу гулдаста пешвоз мегиранд.

Фирӯза Ҳафизова яке аз пурҳангоматарин овозхони тоҷик буда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Инстаграм” хеле фаъол мебошад ва сару садоҳо оиди ин овозхон кам нестанд. Фирӯза ба мухлисони муҳоҷираш чаппотии тоҷикӣ ва суманак ваъда дода буд. “Нафароне, ки суманакро дӯст медоранд, ҳатман биёянд. Ман аз худи Тоҷикистон барои шумо суманак мебарам”,-гуфта буд дар яке аз пахшҳои мустақимаш дар “Инстаграм”.

Дар рӯзи баргузории консерт дида мешавад, ки Фирӯза ба ваъдааш вафо карда, ба нафарони дар толор ҳузур дошта чаппотӣ ва суманак тақдим мекунад. Муҳоҷирон аз ин савғои овозхон хеле хурсанд шуда, дар шарҳҳои поёни наворҳо изҳори миннатдорӣ кардаанд. Овозхон ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе ҳам як барномаи ҷадид ва ғайриоддии консертӣ барпо намояд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here