Овозхони шинохтаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова дар бораи даромад аз шабакаи Инстаграм, кӯмак ба ниёзмандон, дағаливу бадгуфторияш ва дигар масъалаҳои мухталиф сӯҳбати ихтисосӣ анҷом додааст.

Фирӯза Ҳафизова имрӯзҳо яке аз чеҳраҳои баҳсбарангези шабакаи Инстаграм ба ҳисоб рафта, ин шабакаи иҷтимоиро ба як манбаи даромад табдил додааст ва аз даромади худ ба ниёзмандону корафтодагон кӯмак мерасонад.

Ҳоло саҳифаи Фирӯза дар шабакаи Инстаграм 281 ҳазор обуначӣ дорад ва овозхон ният дорад, ки сафи аъзоёни саҳифаашро ба миллион расонад ва аз даромади худ ба ниёзмандон бештар кӯмак кунад. Ӯ мегӯяд, ки дар корҳои хайру саховат бештар муҳоҷирони меҳнатӣ дастгирияш мекунанд.

Овозхон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иброз намудааст, ки ҳар як акси дар саҳифааш мегузошта, барояш як рекламаи хуб аст ва аз он фоида низ ба даст меорад. Нархи 24 соат реклама дар саҳифаи Фирӯза Ҳафизова аз 500 сомонӣ то 5 ҳазор сомониро ташкил медодааст.

“Рости гап, ман на каму на зиёд мегӯям. Як маблағи миёна аст. Баъзан 3 ҳазор сомонӣ, баъзан 5 ҳазор сомонӣ. Масалан, як маводи таблиғие, ки ман дар “история”-и худ барои 24 соат мегузорам, аз 500 сомонӣ сар мешавад”.

Дар рафти сӯҳбат овозхон иқрор шудааст, ки баъзан ҳангоми сӯҳбат дағалӣ карда, меъёри одобу ахлоқро риоя намекунад.

“Албатта мардум дар ин бобат хато намекунанд. Бале, вақтҳои охир бо мардум зиёд муносибати дағалона дорам. Ман 12 сол боз рӯи саҳна ҳастам ва онҳое, ки маро аз аввал мешиносанд, медонанд, ки ман чунин духтари дағал набудам. Як сол қабл модарамро бар зидди ман омода карданд, ки ин дар ҳаққи ман як тӯҳмат буд. Аз ҳамон вақт инҷониб бо ҳар кас мисли худаш рафтор мекунам, зеро хислатам чунин аст”.

Фирӯза Ҳафизова дар мавриди интиқоди расонаҳо қарор гирифтани забони гуфтугӯи бархе аз ҳунармандон, ки чизе ба забонашон ояд мегӯянд, андешаи худро баён кардааст.

“Мо санъаткорон  ҳангоми сӯҳбат каме забонамон мепечад. Аслан лаҳчавӣ гап мезанем, вале дар саҳна бояд адабӣ ҳарф занем. Ба ҳамин хотир ҳам бо лаҳча ва ҳам адабӣ гап задан барои мо каме душвор аст. Дар як сӯҳбатам бо забони русӣ каме хато шуда буд, ки боиси сару садоҳо гашт. Русҳо мегӯянд, ки “человек без комплексов”, ман ҳамин хел одам ҳастам. Баъзан чизе ба забонам ояд, ҳамонро мегӯям”.

Муносибати овозхон имрӯз бо модараш хуб буда, ба ӯ чун ҳар вақта кӯмак мерасонад. Танҳоиро ихтиёр кардааст ва айни замон нияти ба шавҳар баромадан надорад. Мехоҳад фарзандонашро хуб ба воя расонида, амалҳои хайрашро зиёдтар кунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here