Овозхони шинохтаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова сурудеро аз ҳаёти худ сабт кардааст, ки намоҳанги он рӯзҳои наздик пешкаши ҳаводорони ҳунараш мегардад.

Овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ дар баробари порчае аз намоҳанги мазҳакавиаш, ба мухлисонаш чанд маслиҳат дар бобати фоидаи ханда ба саломатиро низ нашр намудааст.

“Аз қиссаи зиндагии худам як суруди шӯх омода кардам, то каме ҳам бошад вақтамон хуш шавад. Ханда ба паст кардани холестерини хун кӯмак мекунад. Ханда фаъолияти системаи нафаскашӣ, рагҳои дил, хун ва узвҳои ҳозимаро ба таври назаррас беҳтар мекунад. Ханда дардро сабук месозад. Ба ҳамин хотир бихандед, ҳар рӯз бихандед”.

Фирӯза Ҳафизова яке аз чеҳраҳои баҳсбарангези шабакаи Инстаграм буда, қаблан бо номи “Инстаграм” таронаеро сабт ва намоҳанги онро пахш карда буд. Акнун ӯ бо сароидани суруди “Фу, мегум фу” ба нафароне, ки дар ҳаққаш ҳарфҳои ноҷо мегӯянд, ҷавоби пурра додааст.

Ҳамарӯза дар шабакаи Инстаграм барои ҳар як сухан, тарзи либоспӯшӣ, рафтору кирдор ва дигар масъалаҳо миёни овозхон ва обуначиёни саҳифааш баҳсҳои тезу тунд сар мезананд, ки оқибати баъзе аз онҳо бо дашному дилозорӣ меанҷомад.

Дар асл Фирӯза Ҳафизова инсони бад нест. Ӯ мудом кӯшиш мекунад, ки ба бечорагону бесоҳибон кӯмак намояд ва дили озурдахотиреро шоду сари ятимеро сила кунад. Вале нафароне шояд аз бадбинӣ ва ё шояд дидаву дониста ба торҳои асаби ӯ нохун мезананд, ки ин нуқтаро худи овозхон низ борҳо қайд кардааст.

Ҳамчунин, дар саҳифаи Инстаграми худ овозхон логотипи ҷадиди худро рӯнамоӣ кардааст. Он аз шакли лотинии ҳарфҳои “ФҲ” иборат буда, бо ранги зард оро дода шудааст. Пахши намоҳанги ҷадиди “Фу, мегум фу” низ рӯзҳои наздик дар назар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here