Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳисоби 5:2 ба тими Шоҳигарии Урдун ғолиб омада, ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифтанд.

Дар марҳилаи интихобӣ, ки санаҳои 14-22-юми сентябри соли ҷорӣ дар Урдун баргузор гардид, шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо дастаҳои Шри-Ланка (0:8), Непал (0:7), Қувайт (0:9) ва Урдун (2:5) бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғалаба карданд.

Ҳамин тавр дастаи мунтахаби наврасони кишвар ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2020, ки санаҳои 16-22-юми сентябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 ғолибони 11 гурӯҳ, Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Ҳиндустон (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “С”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “D”), Қатар (гурӯҳи “Е”), Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи “F”), Чин (гурӯҳи “G”), Австралия (гурӯҳи “Н”), ҶХД Корея (гурӯҳи “I”), Ҷопон (гурӯҳи “J”), Ҷумҳурии Корея (гурӯҳи “К”) ва 4 дастаи беҳтарин, Яман (гурӯҳи “Е”), Индонезия (гурӯҳи “G”), Ӯзбекистон (гурӯҳи “В”), Уммон (гурӯҳи “D”) роҳхат гирифтанд.

Наврасони Тоҷикистон бори чаҳорум мешавад, ки дар даври ниҳоии Чемпионати Осиё иштирок менамоянд. Қаблан солҳои 2006, 2010 ва 2018 бозигарони ҳамин синну сол дар даври ниҳоӣ бозӣ карда буданд.

Дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия футболбозони навраси мо медали нуқра ва дар Чемпионати Осиё-2006 дар Сингапур медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here