Марафони шеъри сомонаи “Padida” бахшида ба зодрӯзи шоирони номдор Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат пурра ба анҷом расид ва ғолибон аз рӯи зинаҳо муайян гардиданд.
Марафон давоми 5 рӯз, аз 16-ум то 20-уми май идома карда, ғолибонро корбарони шабакаи Фейсбук интихоб намуданд. Яъне ҳар наворе, ки бештар тамошо ва бознашр карда шуд, зинаҳои ифтихориро дар Марафони мазкур касб кард.
Ҳамин тариқ, зинаи аввалро Парисо Давлатзода, хонандаи синфи 3-юми Литсейи тоҷикӣ-русии Ҳотам ПВ, ҷои дуюмро Дилдода Мӯсоева, донишҷӯи бахши 3-юми ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода ва мақоми сеюмро Сабринаи Нигин, хонандаи синфи 7-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и шаҳри Душанбе соҳиб гардиданд.
Шоҳҷоизаи Марафон-планшет ба ғолиби ҷои аввал Парисо Давлатзода, санаи 20-уми май дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар чорабинии “Шаби шеър” бо тантана супорида шуд.
Иштирокчиёни дигар, ки зинаҳои баъдиро соҳибанд, метавонанд тӯҳфа ва сипосномаҳои худро имрӯз, 24-уми май соати 14.00 омада, аз идораи сомонаи “Padida” дастрас намоянд.
Рӯйхати иштирокчиён ва шумораи овозҳои онҳо:
№ | Ному насаби иштирокчиён | Номи шеър | Номи шоир | Шумораи овозҳо |
1 | Парисо Давлатзода | Голоса Сталинграда | Мӯъмин Қаноат | 12000 |
2 | Дилдода Мӯсоева | Ман ишқи туро куштам… | Лоиқ Шералӣ | 8500 |
3 | Сабрина Нигин | Ту ёрам мешавӣ рӯзе… | Лоиқ Шералӣ | 8500 |
4 | Нодираи Собирзод | Шод бош | Лоиқ Шералӣ | 6800 |
5 | Арваи Зоиршо | Қанд ҷӯӣ, панҷ ҷӯӣ… | Мӯъмин Қаноат | 4300 |
6 | Мирсаид Сатторов | Дилам парвоз мехоҳад | Лоиқ Шералӣ | 3400 |
7 | Нилуфари Азиз | Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ… | Мӯъмин Қаноат | 2600 |
8 | Комрони Аслон | Ғазали тӯлонӣ | Лоиқ Шералӣ | 2500 |
9 | Шаҳром Шамсиддинов | Шод омадӣ, шод омадӣ | Лоиқ Шералӣ | 1900 |
10 | Шодмон Кенҷаев | Ту шеъри Саъдӣ мехондӣ… | Лоиқ Шералӣ | 1800 |
11 | Азиза Сафарзода | Модар | Лоиқ Шералӣ | 1600 |
12 | Бузургмеҳри Баҳодур | Во ҷавонӣ | Лоиқ Шералӣ | 1400 |
13 | Мумтоз Баҳрин | Мӯъмин Қаноат | 1300 | |
14 | Завқиддин Сулаймонов | Ҳасрат | Лоиқ Шералӣ | 1200 |
15 | Эмомова Одинамоҳ | Модар | Лоиқ Шералӣ | 1000 |
16 | Сафинаи Суруш | Модари пирам… | Лоиқ Шералӣ | 1000 |
17 | Модари пирам… | Лоиқ Шералӣ | 862 | |
18 | Шоҳин | Сад ҷону дил фидоӣ… | Лоиқ Шералӣ | 714 |
19 | Наимҷон Эрбоев | Мавҷи бародарӣ | Мӯъмин Қаноат | 598 |
20 | Шаҳриёр Олимӣ | Ало шодоб соҳилҳо… | Лоиқ Шералӣ | 551 |
21 | Умедҷон | Боз омадӣ… | Лоиқ Шералӣ | 494 |
22 | Аҳмад Зоҳир | Маро дигар намеёбӣ | Лоиқ Шералӣ | 448 |
23 | Сабрина Бозорова | Ношукрии ишқ аст… | Лоиқ Шералӣ | 437 |
24 | Ҳикматулло Аҳадов | Ошиқам гар бо манӣ… | Лоиқ Шералӣ | 422 |
25 | Искандар Толибов | Номаи манзум ба як хонум | Лоиқ Шералӣ | 392 |
26 | Файзуллохон Обидов | Дубайтиҳо | Мӯъмин Қаноат | 379 |
27 | Марям Исоева | Танҳоӣ на он аст… | Лоиқ Шералӣ | 373 |
28 | Худодод | Ба он рӯю ба он мӯй… | Лоиқ Шералӣ | 341 |
29 | Парвиз Асадуллоев | Занги охир | Лоиқ Шералӣ | 280 |
30 | Гулмуродова Бибируқия | Мавҷи одамӣ | Мӯъмин Қаноат | 279 |
31 | Абророва Шабнам | Мавҷ дар саҳро | Мӯъмин Қаноат | 278 |
32 | Парвизи Шамсулло | Мавҷи бародарӣ | Мӯъмин Қаноат | 274 |
33 | На тоҷик монад… | Лоиқ Шералӣ | 243 | |
34 | Мирзоева Холиса | Тоҷикистон | Лоиқ Шералӣ | 188 |
35 | Бахтиёр Раҳмониён | Модарнома | Лоиқ Шералӣ | 165 |
36 | Мирзоев Мирсаид | Мавҷи бародарӣ | Мӯъмин Қаноат | 151 |
37 | Зи душман басо… | Лоиқ Шералӣ | 151 | |
38 | Шаҳриёр Чортутӣ | Рэп | Мӯъмин Қаноат | 151 |
39 | Диловари Шоҳин | Дубайтиҳо | Мӯъмин Қаноат | 150 |
40 | Сангинмуродов Фирӯз | Сабукборему бори олам… | Лоиқ Шералӣ | 102 |
41 | Ҳусайн Маҳмудов | Суруши Сталинград | Мӯъмин Қаноат | 83 |
42 | Варвара Гниденко | Суруши Сталинград | Мӯъмин Қаноат | 37 |
Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj