Имрӯз, 7-уми сентябри соли ҷорӣ Суруди миллии Тоҷикистон, ки ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар Келдӣ тааллуқ дорад, 25-сола шуд.

Дар остонаи 25-солагии матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одили Нозир бо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ сӯҳбати ихтисосӣ анҷом додааст.

Муаллиф иброз намудааст, ки дар қабули матни Суруди миллӣ иштирокчиён зиёд буданд ва рақобат низ шадид буд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин матни “Диёри арҷманди мо…” ғолиб омад.

“Дар Иҷлосияе, ки таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 7-уми сентябри соли 1994 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, Сарвари давлат гуфтанд, ки дар озмун 104 суруд бо оҳанг пешниҳод шуда буд. Ман ёд дорам, ки Ғаффор Мирзо 18 суруд, устод Лоиқ 4-5 суруд, Гулрухсор 3-4 суруд, банда ҳам 3-4-тоӣ пешниҳод карда будем”.

Суруди миллии соли 1994 эҷодшуда, ки матнаш ба Гулназар Келдӣ ва оҳангаш ба Сулаймон Юдаков тааллуқ дорад, дар асоси оҳанги Суруди миллии соли 1946 эҷодшуда, ки матнаш моли Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳангаш аз они Сулаймон Юдаков буд, эҷод шудааст.

“Масъалаи қабули Суруди миллӣ аз соли 1991 то соли 1994 тӯл кашид. Моҳи апрели соли 1994 Муовини аввали Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Абдумаҷид Достиев дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси хеле тезутунд гузаронид. Ҳатто гуфт: “Чор сол мешавад, ки мо Истиқлолият дорем, Ҳукумати қонунӣ дорем, аммо Суруди миллӣ надорем. Агар шумо навишта натавонед, мо аз ҳамсояҳо кӯмак мепурсем”. Дар ҳамин маҷлис бастакори шинохта, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Дамир Дӯстмуҳаммадов, зимни суханронӣ як ишора кард, ки ба ман таъсир кард: “Ҳамин қадар оҳангҳо пешниҳод шуд, аммо ҳама суруди оддӣ ҳастанд, мисли оҳанги Сулаймон Юдаков як чизи комил нест”. Ин сухан маро ангеза дод. Ҳамон рӯз ман хона омадам ва “Энсеклопедияи советии РСС Тоҷикистон”-ро кушода, бахши “Гимн”-ро ёфтам ва ҳамон рӯзи 21-уми апрели соли 1994 ман ин сурудро дар як нишастан навиштам ва баъдан албатта, такмил додам”.

Ҳамчунин, муаллиф афзудааст, ки яке аз шартҳои асосии пешниҳоди матну оҳанг ба озмун, на бо номи аслӣ, балки бо исми мустаор буд. Дар баробари матни ҳозира суруди миллии Тоҷикистон, шеъри дуюми устод Гулназар Келдӣ низ бо оҳанги Зайниддин Зулфиқоров сазовори ҷои дуюм ва шеъри устод Лоиқ Шералӣ бо оҳанги Фаттоҳ Одина зинаи сеюмро сазовор шудааст.

Устод Гулназар Келдӣ зимни сӯҳбаташ қайд кардааст, ки ҳамчун муаллифи Суруди миллӣ наздики 200 доллар ҳаққи қалам гирифтааст ва мехоҳад, ки дар Тоҷикистон рӯзи Суруди миллӣ ботантана ҷашн гирифта шавад. Муаллиф муҳаббати халқ ва пойдор будани Суруди миллиро аз ҳама авлотар медонад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here