Продюсери тоҷик, сарвари ширкати “Tojikon holiday” Мансур Нигматов бо 1010 таксӣ ба оилаҳои ниёзманд хайрия фиристодааст. Ӯ қаблан бо 100 таксӣ ба оилаҳои ниёзманд хайрия фиристода буд.

Дар ин бора продюсер дар саҳифаи худ дар портали YouTube хабар додааст.

Продюсер дар навор мегӯяд:

“Маро барои хайр кардан, суханҳои Пешвои миллат такон доданд. Барои ҳамин дар аввал бо 107 таксӣ ва инбора бо 1010 таксӣ барои ниёзмандон кӯмак фиристодем”, – мегӯяд Нигматов

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта, продюсер бо истифода аз хизматрасонии 107 автомобили ширкати “Рахш Таксӣ” ба зиёда аз 100 оилаи камбизоат ёрии башардӯстона фиристод, ки он аз орд, равған, шакар, картошка, пиёз, доруворӣ ва дигар маводҳои хӯрока иборат буд.

Пас аз иқдоми ӯ ҳаҷвнигори номии тоҷик Ташриф Халилов якҷо бо ширкати “asadfilm sabo” бо 250 таксӣ ба оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон кӯмаки моддӣ расонида буд.

Ташриф дар фарҷоми навор гуфта буд: эй он нафаре, ки мегуфтӣ агар нафаре бо 200 таксӣ кӯмак равон кунад, пагоҳаш ҳазор таксӣ кумак равон мекунам. Бубин мо масъалаи 250 таксиро дидем. Акнун навбати туст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here