Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд дӯстдорони театрро ба кушодашавии мавсими 22-юми театрӣ даъват менамояд.

Кушодашавии мавсими нави театрӣ санаи 13-уми сентябр, соати 11:00 ба нақша гирифта шуда, намоишномаи “Харгӯшаки ҷасур” бори дигар намоиш дода мешавад.

“Харгӯшаки ҷасур”-и Глория Веберро Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Ҳомидов тарҷума ва ба саҳна гузоштааст.

Ҳамаи шумо, дӯстдорони намоишномаҳои театриро пагоҳ, санаи 13-уми сентябр, соати 11:00 дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров дар суроғаи кӯчаи Камоли Хуҷандӣ 125а (собиқ кинотеатри “Ватан”) интизорем!

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here