Абдувоҳид Маликов, як корбари шабакаи Фейсбук шеъреро дар саҳифаи худ нашр намудааст, ки мазмуни он аз паст будани қадри ҳунармандон дар кишвар қисса мекунад.

Шеър “Актёр” ном гирифта, мазмуни он фарқияти қадрдонии ҳунармандони дохилу хориҷро ба миён мегузорад. Яъне дар Лондону Париж ба хотири ҳунармандон каф мекӯбанду дар кишвари мо ба сӯи онҳо санг мепартоянд.

Абдувоҳид Маликов дар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida” иброз намуд, ки мақсад аз нигоштани ин сатрҳо ба Ватан даъват намудани ҳунармандонест, ки дар хориҷа қарор доранд.

“Ин шеър на ба ҳунармандони хориҷӣ, балке ба тоҷиконе дахл дорад, ки дар хориҷа қарор доранд. Дар шеър мақсад аён буда, ман қадри ҳунарманди имрӯзро ҳамон гунае ки ҳаст, тасвир намудам. Дар хориҷа қарор доштаҳо ба Ватан баргарданд ва ҳамон қолину кафкӯбиҳоро дар дохили кишвар аз нав эҳё кунанд ва синамои тоҷикро рушд диҳанд”.

Муаллиф бо нашри ин матлаб аз саргузашти ҳунармандоне қисса мекунад, ки бо вуҷуди дар хориҷа қарор доштанашон, дилашон барои Ватан танг мешавад ва онҳоро даъват мекунад, то синамои кишварро рушд бидиҳанд.

Солҳои охир як қатор филмофарону коргардонҳои тоҷик ба муваффақияту дастовардҳо ноил гардида бошанд ҳам, то ҳол ҳунармандони кишвар аз паст будани мазмуни филмномаҳову набудани коргардони ботаҷриба ва моҳонаи арзанда шиква мекунанд.

Порча аз шеъри “Актёр”:

Ба ту дар кӯчаи Порис мардум мезанад қарсак,
Ба зери пои ту дар саҳнаи Лондон қолиҳост.
Ба шаҳри мо биёӣ мезанандат санг,
Ба шаҳри мо биёӣ мешавӣ дилтанг…

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here