Пас аз чанд муддати ошноии маҷозӣ ниҳоят, бо Хуршед аз наздик шинос шудам. Сӯҳбати тӯлоние доштем. Ӯро як ҷавони донишманд ва бомаҳорату самимӣ дарёфтам. Ҳамон қадаре, ки корҳояш зебост, ҷаҳони ботиниаш ҳам зебост…

Зимни як сӯҳбати дӯстона бо сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Ҳю Стенли Филпот ҳангоми ифтитоҳи Хонаи мӯди Хуршед Сатторов, ҷаноби сафир як ҳолати зебое аз зиндагиашро бароям қисса кард, ки боиси ифтихорам шуд:

“Духтари ман дар яке аз донишгоҳҳои бонуфӯзи Британия таҳсил мекунад ва ҳангоми ҷашну маросимҳои донишгоҳиаш ҳатман ва бо ифтихор либоси тоҷикӣ ба бар мекунад ва аксарияти ҳозирин бо дидани ин ҳама нақшу нигори дилрабо аз ӯ макони ин зебоиро суроғ мекунанд. Албатта, ки ин офаридаи зебо маҳсули шавқи волову ҳунари беҳамтои Хуршед Сатторов аст”.

Ман бо номи Хуршед Сатторов бори нахуст пас аз муаррифии коллексияи “Шоҳнома”-аш шинос шудам. Воқеан ин офаридаи ӯ беназир буд. Як пироҳан пур аз нақшу нигори заррин ва дигаре гулдӯзӣ, севвумӣ аз матои ҳариру маҳин… Аз тамошои ин ҳама зебоӣ рӯҳу равонам ҳаловат мебурду шӯру шавқам баланд мешуд ва ноогоҳ ба созандаи ин зебоӣ таҳсин мехондам. Дар баробари ин ҳама зебоӣ лоиҳаи мазкур паёмоваре буд аз таъриху тамаддуни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва даврони ӯ. Ҳамчунин, ин офаридаи тарроҳи тоҷик таваҷҷӯҳи Донишкадаи Шоҳномахонии Ҷопонро ҷалб кард.

Хуршед фаъолияти касбии худро соли 2001, аз замони донишҷӯияш оғоз кардааст. Ӯ идрорпулии худро ҷамъ карда, нахустин коллексияашро, ки иборат аз зардӯзӣ буд, таҳия карда ба маърази тамошо мегузорад. Чун ҷавҳари аслии фаъолияти Хуршед хайру саховат аст, ӯ аксар вақт дар барномаҳои башардӯстона иштирок карда, ҳамчунин, нисбати ниёзмандону маъюбон бетафовут нест. Чандин маротиба Хуршед дар намоиши мӯд барои шахсони имконияташон маҳдуд фаъолона иштирок карда, беҳтарин либосҳоро барояшон дӯхта ва сипас онҳоро тӯҳфаашон мекард. Ҳамчунин, ин тарроҳи ҷавон занони бесаробони тоҷику афғонро ба кор ҷалб карда, барояшон музди кор дода, технологияҳои навини ҷаҳони тарроҳиро барояшон ёд медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Хуршед Сатторов аз нахустин тарроҳонест, ки ба унвони тоҷик дар маъруфтарин намоишгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла “Ҳафтаи мӯди сатҳи баланд” иштирок карда, бад-ин васила барои тарроҳони дигари тоҷик роҳ кушод. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пас аз 25 сол барои нахустин бор як тарроҳи тоҷик дар “Tashkent Feshion Week”, ки беҳтарин тарроҳони дунё он ҷо ҷамъ шуда, барои ба даст овардани мақомҳои баланд талош мекарданд, Хуршеди мо якбора 3 ҷоизаро ба даст овард ва боиси ҳангомае дар ҷаҳони мӯди муосир шуд.

-Беҳтарин тарроҳи ҷавон

-Беҳтарин тарроҳи профессионалӣ

-Беҳтарин тарроҳи байналмиллалӣ

Аммо пеш аз ин ҳам Хуршед ба дастовардҳои боло ноил шуда буд. Соли 2016 ӯ дар як ҳамоиши бонуфӯзи ҷаҳон таҳти унвони «Fashion House International” иштирок карда, якбора соҳиби 3 ҷоиза шуд.

-Медали тиллои Шӯрои дизайнерони Осиёву Аврупо

-Беҳтарин либоси миллӣ

-Ҷойи аввал дар бахши тарроҳӣ

Қобили зикр аст, ки ӯро барои намоиши либосҳояш, ба бонуфӯзтарин Хонаи мӯди ҷаҳон Пер Карден даъват карданд, ки шахсан ҷаноби Карден ӯро истиқбол гирифт.

Камила Қурбонӣ, тарроҳи маъруфи либосҳои занонаву мардонаи Қазоқистон, ки фаъолияти худро соли 2010 оғоз карда ва дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳони мӯд мақоми баландеро сазовор шудааст, доир ба эҷодиёти Хуршед гуфт:

“Ҳарчанд сабки кори ман аз Хуршед хеле тафовут дорад ва ман аслан ошноие бо ӯ надорам, аммо ҳамчун як тарроҳ ба кораш назар кардам ва бо боварии комил метавонам бигӯям, ки Хуршед ватанпарасти асил мебошад”.

Либоси миллӣ ва ё нақшу нигори миллӣ бо рангорангиву беназириаш ҳамеша таваҷҷӯҳро ҷалб мекунад. Чунин либосҳо ҳеҷ гоҳ аз мӯд намераванд, онҳо инъикосгари ойини чандинасраи миллат ҳастанд ва дар саросари дунё тарроҳоне ҳастанд, ки маҳз ба чунин сабк рӯ меоранд. Нақшу нигори миллӣ бо ҳама зебоияш дар омезиш ва иловаву дигаргун сохтан хеле ҳассосанд. Як ранг ё хати ноҷо метавонад ҳамаи зебоии онро аз байн бубарад. Кор бо нақшу нигори миллӣ салиқаи бисёр баландро талаб мекунад. Гузашта аз ин, вобаста ба нақшу нигоре, ки Хуршед истифода мебарад, пайдост, ки ӯ таъриху фарҳанги миллиро хеле амиқ омӯхтаааст. Мешавад гуфт, ӯ дурдонаи мӯди тоҷик аст!

Хуршед мутахассиси бисёр нуктасанҷу ҳирфаӣ аст. Ҳангоми таҳияи ҳар либосе таърих, омезиши рангҳову нақшу нигор ва матои онро хуб омӯхта ва пас аз таҳлили ҷиддии он, тахайюлашро ба воқеъият табдил медиҳад. Тамоми маҳсулоти таҳиякардаи Хуршед кори дастӣ буда, риштаву матоъ ва осори ороишиаш баландтарин сифатро доранд. Ин аст, ки маҳсули заҳмати ӯ ҳамеша диққати пешвоёни ҷаҳони мӯдро ҷалб карда, ӯро ба унвони тарроҳи ифтихорӣ ба чорабиниҳои худ даъват мекунанд.

Хуршед дорандаи унвони Қаҳрамони дукаратаи “Kuwait Fashion Week” ва ду маротиба барояш унвони Беҳтарин тарроҳи байналмилалиро сазовор донистаанд. Гуфтанист, ки ӯ ягона тарроҳи тоҷик аст, ки соҳиби медали тиллоии Шӯрои дизайнерони Осиёву Аврупо шудааст.

Пас аз чанд муддати ошноии маҷозӣ ниҳоят, бо Хуршед аз наздик шинос шудам. Сӯҳбати тӯлоние доштем. Ӯро як ҷавони донишманд ва бомаҳорату самимӣ дарёфтам. Ҳамон қадаре, ки корҳояш зебост, ҷаҳони ботиниаш ҳам зебост. Ба арзишҳои милливу фарҳангиамон бисёр арҷгузор аст, ки қобили таҳсин аст. Аз сӯҳбат бо ӯ дарк кардам, ки кори тарроҳӣ барояш ин пулкоркунӣ нест, балки эҳёи фарҳанги ниёгон аст ва ин корро бо тамоми ҳастиаш иҷро мекунад.

Боре ба коргоҳаш рафтам ва ӯро сари кор дидам. Ӯ бо тамоми вуҷудаш сари либосе кор мекард ва бо тамоми эҳсосаш ба занони коргоҳаш хусусияти он пироҳанро мефаҳмонд. Ҳар пироҳанаш як ҷаҳон маънӣ дораду улги таъриху фарҳангамон аст. Ӯ барои нақшу нигори дурафтодаи ниёгонамон умри дубора бахшид. Хуршед пироҳане офарид, ки намунаҳои онро на танҳо тоҷикон, ҳатто мақомоти баландпояи хориҷӣ боифтихор ба бар карданд.

Шаҳноз Комилзода

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here