Дар шаҳри Москва бахшида ба рӯзи мавлуди аълоҳазрат Шоҳ Карим Оғохони IV фестивали бузурги идона бо номи “Хушҳолӣ – 2019” баргузор мегардад.

Дар ҷашнвора сарояндагони номии эстрадаи тоҷик Хайём Хаёлбеков, Соҳиба Давлатшоева, гуруҳи “Шамс” ва сарпояндагони дигар Фирӯз Паллаев, Акназар Аловатов, Замири Тиллозод, Париноз Ақназарова иштирок мекунанд, дар ин бора ширкати “Нур”, ки баргузоркунандаи фестивали мазкур мебошад хабар медиҳад.

Фестивал дар майдони “Main Stage”-и шаҳри Маскав воқеъ дар кӯчаи Шарикоподшипниковски баргузор мегардад.

Фестивали мазкур ҳамасола бахшида ба мавлуди аълоҳазрат Шоҳ Карим Оғохони IV баргузор мегардад. Дастандаркорон бовар мекунонанд, ки фестивали имсола бо шукӯҳу шаҳомати дигар баргузор карда мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here