Овозхони ҷавони тоҷик Фараҳманд Каримов таронаи дузабонаи худро бо намоҳанагаш, ки хеле дардмандона суруда шудааст, нашр кард.

Дар ин бора овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Тарона “Бе ту хорам” (“Haydi söyle”) унвон гирифта, бо ду забон, тоҷикӣ ва туркӣ суруда шудааст ва матнаш моли шоир Толиби Озарахш мебошад.

Танзим ва банду басти таронаро Баҳодур Илҳом ба ӯҳда гирифта, намоҳанг бо дастгирии маркази продюсерии “Panjsher Media” рӯи навор омадааст.

Ҳоло намоҳангро давоми ду рӯзи пахшаш дар саҳифаи “Panjsher Media” дар шабакаи YouTube зиёда аз 70 ҳазор нафар тамошо карда, баҳои баланд додаанд.

Ёдовар мешавем, ки Фараҳманд Каримов донандаи забони туркӣ мебошад ва қаблан низ чандин таронаҳои омехтаи тоҷикию туркӣ сароидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here