Корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдид дар бинои нави Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский бомаром идома дорад.

Ба иттилои Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, навсозӣ ва таҷдиди театри мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 13-уми декабри соли 2017 роҳандозӣ гардидааст.

Қаблан бинои театри мазкур дар хиёбони Рӯдакии пойтахт воқеъ буд ва соли 2016 дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бинобар кӯҳнаву фарсуда буданаш ба ҷои “Кохи Тоҷикистон” кӯчонида шуд.

Бинои қаблии театри мазкур бо 300 ҷои нишаст дар аввали солҳои 30-юми асри гузашта бунёд гардида, мӯҳлати истифодабарии он панҷоҳ сол муайян шуда буд. Вале он давоми қариб навад сол мавриди истифода қарор дошт.

Ҳоло бошад, корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский идома дошта, он то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Театри мазкур яке аз бузургтарин театрҳои русӣ дар ҷумҳурӣ буда, соли 1937 бо роҳбарии коргардони шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ Алексей Дикий дар асоси гурӯҳи ҳунармандон таъсис ёфта буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here