Имрӯз, 11-уми сентябри соли ҷорӣ Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар идомаи сафари худ ба вилояти Хатлон, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб бинои Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро пас аз навсозӣ ифтитоҳ карданд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти кишвар, бинои Коллеҷи санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гарида, дар рафти сохтмони иншоот 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Бино дорои 15 синфхона буда, ҳар як синфхона бо аёнияти дарсӣ ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, донишҷӯёнро барои аз худ кардани нозукиҳои навозандагиву сарояндагӣ ҳидоят намуданд.

Кароматулло Қурбонов аз зумраи беҳтарин санъаткорони тоҷик буда, 26-уми ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Санаи 18-уми октябри соли 1992 Кароматулло ва гурӯҳи навозандагону раққосаи ӯ (дар умум 11 нафар) дар ҳудуди ноҳияи Ёвон аз ҷониби аъзоёни ба ном “Фронти халқии Тоҷикистон” бераҳмона ба қатл расонида шуданд.

Имрӯз фарзандони марҳум Нозия ва Муҳаммадрафии Кароматулло касби падарро идома дода, миёни мардум ҷойгоҳи худро доранд ва дар ин баробар рӯҳи падари худро шод мегардонанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here