Санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ маросими ифтитоҳи Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ баргузор гардид.

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ бо ташаббуси Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ташкил шудааст.

Дар маросим сардори намояндагии минтақавии СММ дар шаҳри Алмаато Властимил Самег, консули генералии Федератсияи Русия Валентин Колясев, консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аброр Фатҳуллоев ва дигар намояндагони дипломатӣ, роҳбарияти Донишгоҳи миллии Қазоқистон, донишҷӯён ва кормандони марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон иштирок намуданд.

Мизбонии ҳамоиши ифтитоҳиро Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба ӯҳда дошт. Ба маросими ифтитоҳии Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назир ва муовини ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон Рамазонов оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки марказ аз китобхона ва толори ҷойи нишаст иборат буда, ҳадаф аз таъсиси он таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба рушди неки раванди муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад. Зеро тӯли асрҳост, ки умумияти анъанаҳо, расму оинҳо, ақидаҳои динӣ ва тарзи зиндагӣ табиатан миллати тоҷик ва қазоқро ба ҳам наздик мекунад.

Роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ҳайати таъсисдиҳандагон ва ширкаткунандагони ҳамоишро табрик намуда, аз таъсиси чунин марказ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Донишҷӯёни бахши факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Қазоқистон бо қироати шеърҳои тоҷикӣ аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар шоирони классик ва муосири тоҷик табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи муосири истиқлолияти Тоҷикистон бори нахуст чунин Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар хориҷ аз мамлакат таъсис гардид. Маросими аксбардорӣ анҷомбахши ҳамоиши ҷашнӣ гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here