Шартномаи Егор Крид бо Black Star ба поён расид. Дар ин бора мудири кулли ширкат Павел Курянов (Пашу) дар сӯҳбат ба вебнавис Сергей Косенко иттилоъ додааст.

-Қарордоди ӯ ба таври комил рӯзи 12-уми март ба анҷом расид ва акнун мо дар ҳоли музокира ҳастем, ки оё мо ҳамкориро идома хоҳем дод ё не, ин номаълум аст – гуфт Пашу.

Аломати молии “Егор Крид” ба Black Star тааллуқ дорад. Ӯ метавонад Егор Булаткин шавад, метавонад табдил ба ҳар касе шавад.

Пеш аз ин Кристина Сӣ, ҳунарманди собиқи Black Star гуфт, ки ин ширкат ӯро аз ҳуқуқи истофодаи номи саҳнагияш маҳрум кард ва ӯ мехоҳад, ки ин масъаларо тариқи суд ҳал кунад.

Сарчашма: booms.tj

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here