Конор МакГрегор, размовари муҳорибаҳои омехта ва дар гузашта қаҳрамони ин намуди варзиш, ки чанде пеш ин намуди варзишро тарк карда буд, эълон кард, ки ба “октагон” бармегардад.

Варзишгар рӯзи 26-уми март дар саҳифаи “Твиттер”-и худ гуфта буд: “Ман ба аз ин намуди варзиш канор меравам.”

Вале ӯ ҳамагӣ пас аз 9 рӯзи тарки муҳорибаҳои омехта, дар саҳифаи “Твиттер”-аш навишт: “Омода ҳастам ба “октагон” баргардам. Ман аз мухлисонам ҷудо шудан намехоҳам.”

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here