Ду бонуи санъаткор, овозхони эстрадаи тоҷик Моҳираи Тоҳирӣ ва овозхони шинохтаи афғон Сито Қосимӣ таронаи бадеҳа сабт кардаанд.

Дар ин бора ҳарду овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додаанд.

Тарона “Дӯст, ҳай дӯст” унвон гирифта, матнаш моли шоири афғон Самай Ҳомид мебошад ва оҳангсози тоҷик Даврони Раҳматзод онро ба риштаи оҳанг кашидааст. Танзим ва банду басти таронаро Ёқуб анҷом додааст.

“Ин бори нахуст аст, ки ду зани овозхони тоҷику афғон бо воситаи суруд дӯстии кишварҳояшонро изҳор мекунанд. Интизор бошед, рӯзҳои наздик пешкаши шумо мегардад”,-навиштааст Моҳираи Тоҳирӣ дар Инстаграми худ.

Давоми як сол ин бори дувум аст, ки Сито Қосимӣ ба Тоҷикистон меояд. Тӯли 18 сол мешавад, ки овозхон бинобар ноором будани вазъи Афғонистон дар Олмон умр ба сар мебарад.

Моҳи марти имсол Сито Қосимӣ ҳамроҳ бо Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов ва Севинч Мӯъминова дар барномаи консертӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат иштирок ва ҳунарнамоӣ карда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here