Муҳаммад Салоҳ, футболбози дастаи “Ливерпул” барои барқарор кардани Институти таҳқиқоти саратон дар Қоҳира хайрия кардааст.

Ба иттилои хабаргузории “The Tactical Times”, маблағи умумии хайрия 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Санаи 5-уми августи соли ҷорӣ дар пойтахти Миср шаҳри Қоҳира бар асари бархӯрди ду мошин таркиш ба амал омадааст. Фоҷиа 16 нафарро кушта, 21 нафари дигарро захмдор кардааст.

Ҳамчунин, дар натиҷаи таркиши мошинҳо бинои Институти таҳқиқи саратон низ осеби ҷиддӣ дидааст ва футболбоз мехоҳад он дар муддати кӯтоҳ таъмир ва барқарор карда шавад.

Муҳаммад Салоҳ футболбози машҳури мисрӣ мебошад, ки аз соли 2017 инҷониб дар дастаи “Ливерпул”-и Англия ба ҳайси ҳуҷумкунанда бозӣ мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here