Имрӯз, 30-юми сентябри соли ҷорӣ аз марги Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Муқаддас Набиеваи ширинсадову нотакрор 40 сол сипарӣ шуд.

Тадқиқоте, ки хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон соли 2008 дар мавриди “тасодуфӣ” будан ё набудани марги Муқаддас Набиева гузаронида буданд, манзури шумост.

Марги Муқаддас Набиева мантиқан метавонист тасодуфӣ набошад, вале дар ин ҳол, сабаби даст задани касе ба куштор номаълум мемонад…

-Муқаддас! Муқаддас! Муқад-д-а-ас!

Ин нидои пур аз даҳшат ва тарс буд ё шодиву нишот, ҳанӯз муаммост. Аммо, яқин аст, ки тақрибан соати панҷи субҳи рӯзи 30-юми сентябри соли 1979, болотар аз деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ин садо панҷа ба харсангҳои азиму хомӯш зада, хомӯшии абадии кӯҳҳои бовиқорона cap ба фалак кашида, фиғони cap ба соҳилҳо кӯфтани рӯди тезҷараёни Зарафшонро шикаст.

Вале, ба ин фарёдҳои пур аз илтиҷо ва ё шабеҳ ба нидои пешазмаргии шахси гунаҳгоре, касе посух нагуфт. Ва бо гузашти даҳсолаҳо, ин лаҳза дар шабҳои торики танҳоӣ, шоҳидони ҳодисаро танҳо намегузорад. Ва бо гузашти даҳсолаҳо, ин фарёдҳо, онҳоро аз ҷойгаҳи гарми хоб берун кашида, ба ҷустуҷӯи ин садо раҳнамунӣ менамояд. Ва бо гузашти даҳсолаҳо, шоҳидон хобҳои ваҳшатнок мебинанд ва ҷисми зани ғарқа дар хуни орзуҳоро, ки чашм ба синаи осмони торики беситора дӯхтааст, пеши назар меоранд.

Касе ҳам намедонад, ки сухани вопасини ин зани танҳо чӣ буд? Касе ҳам намедонад, охирин чизе, ки нигоҳи зан хира шуда, дасти қотил буд ё санги бераҳми тақдир? Касе асрори ин субҳи ситоракушро ҷуз кӯҳҳои хомӯшу шоҳидони ҳол, ки баъзеи онҳо дар ин боб лаб барбастанро афзалтар мешуморанд, намедонад…

Дар саҳифаҳои таърихи алҳол номукаммали миллати тоҷик дар давраи Шӯравӣ, миёна ва охирҳои солҳои ҳафтодуми асри бист айёми бедорӣ ва мубориза барои армонҳои миллӣ ҳисоб меёбад. Дар ҳамин ҳол, оғоз аз соли 1977 аз дунё гузаштани аламбардорони ин ҳаракат-Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Маҳмудҷон Воҳидов, Муқаддас Набиева ба ин ҳаракат зарбаи ҷонкоҳ зад. Махсусан, марги Маҳмудҷон Воҳидов ва Муқаддас, ки ҳарду ҳам фоҷиавӣ рух дод, эҳсоси шубҳаро дар мавриди “тасодуфӣ” сурат гирифтани он қавитар мегардонад. Ҳарчанд, дар ин моҷаро зиддияти байни ҳунармандон ва бахилию маҳалгароӣ, ки ба дасти дигарон пиёда мегардид, метавонист нақши умда бозад.

Таъсис ва шӯҳрати зиёд касб кардани оркестри эстрадии “Гулшан”, ки маҳбубияти зиёде тариқи сурудҳои сирф тоҷикӣ ва классикӣ пайдо намуд, ҷараёни бедории миллиро ҷони нав бахшид. Лоиқ ба зикр аст, ки аксар коршиносон мусиқӣ ба филми “Ман бо духтаре вохӯрдам”-ро аввалин қадам ба сӯйи мусиқии касбии эстрадӣ медонанд.

Моҳи майи соли 1964 бо қарори Шӯрои Вазирон дар назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон гурӯҳи эҷодии дастаи эстрадии “Гулшан”-ро таъсис доданд. Аввалин роҳбари бадеӣ Лайло Шарипова ва роҳбари мусиқӣ, оҳангсоз Михаил Муравин буданд. Ҳамаи дастаҳои эҷодӣ аз интихоби репертуар фаъолиятро оғоз менамоянд. Репертуари дастаи “Гулшан” пеш аз ҳама сурудҳои халқии тоҷикиро дар бар мегирифт. Ташаббускори истифодаи сурудҳои халқӣ ва таъсиси хазинаи суруду мусиқӣ барои репертуари дастаи эстрадии “Гулшан” ба оҳангсоз Ю.Тер-Осипов тааллуқ дорад, ки пас аз ӯ ин амалро оҳангсозон Д. Дӯстмуҳаммадов, А.Солиев, Ф. Баҳор ва дигарон идома доданд. Корбасти сурудҳои халқиро Юрий Лядов, Ю. Пулотов ва Зокир Нишонов ба ӯҳда доштанд.

Дар зери мусиқии халқӣ сурудҳое ба монанди “Дилбарҷон”, “Сокина”, “Чеҳраи зебо”, “Гулумой”, “Чакра-чакидан гирад” ва ғайра садо медоданд. Сурудҳои халқӣ барои як ва ду овоз таҳия мешуданд. Пайравӣ ба анъаноти миллӣ дар муносибат бо жанрҳои маъруф, миёни мардум эҳсос мешавад. Ин сурудҳо ҳамчун бадеҳа миёни духтар ва писар зиёд садо медиҳанд. Масалан, суруди “Гулумой” коркарди Юрий Лядов буда, ба жанри халқии “лапар” шабоҳат дорад. Дар аввалин консерти “Гулшан” сарояндаҳои ҷавон Бурҳон Маматқулов ва А. Солиев баромад карданд. Беҳтарин суруд дар иҷрои А. Солиев “Шоми Душанбе” ба мусиқии Я. Сабзанов ва “Нақши беҳтарин” ба оҳанги Ш. Сайфиддинов садо дод.

Аз соли 1967 роҳбари оркестри давлатии эстрадии “Гулшан” хатмкардаи консерваторияи Боку, овозхони театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ Орифшо Орифов буд ва роҳбари мусиқӣ аввал Юрий Лядов ва аз соли 1978 Юрий Пулотов таъин гардиданд. Соли 1976 барои санъати баланд ва тарғиби мусиқии асил, оркестри эстрадии “Гулшан” лауреати ҷумҳуриявии комсомоли ленинӣ ва баъд ба ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ лоиқ дониста шуд. Соли 1978 дар озмуни овозхонони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар шаҳри Тошканд соҳиби ҷоиза гардид.

Дар репертуари дастаи “Гулшан” сурудҳои Юрий Лядов ҷойи намоён доранд. Аз ҷумла, миёни онҳо “Гулҳои Душанбе” (матни Бурҳон Фаррух), “Пиёла” (матни А. Шукурӣ), “Эй нури ман” (матни Румӣ)-ро метавон ном бурд. Ба ин даста аз ҳама бештар шӯҳрати махсусро сарояндаи соҳибистеъдод Муқаддас Набиева овард. Дар репертуари ӯ сурудҳои зиёде мисли “Ситораи ман” (мусиқии З. Шаҳидӣ), “Садои дил” (оҳанги Қ. Яҳёев), “Муҳаббат” (оҳанги Ш. Сайфиддинов) ва ҳамчунин сурудҳои “Боди сабо”, “Чакра чакидан гирад” ҷой доштанд, ки таҳиягари он Юрий Лядов буд.

Зиндагии шахсии Муқаддас Набиева аслан аз рӯзгори аксар занони ҳунарманди имрӯз кам фарқ дорад. Вай ҳам азоби бепулӣ, танҳоӣ, иҷоранишиниро кашида буд. Чашмони пурҳасад, пурҳавас қалбҳои сиёҳу нотавонбин, дастони беҳунарону тағодорони беақлу бесавод, вайро ҳам ором намегузоштанд. Мисоли аксар ҳунармандон, дунёе барои худ сохта буд ва дар лаҳзаҳои гирифторӣ ба чанголи зиндагӣ, ба суроғи ин олами сохтаи хеш мерафт. Ва маҳз дар ин хилваткада таронаҳо тавлид меёфтанд, боли парвоз пайдо менамуданд.

Муқаддас ду сол пеш аз маргаш, дунболаи тобути Маҳмудҷон Воҳидов, баробари ҳазорон қалбҳои дар сӯги ин ҳунарманди нотакрор доғ, ки ба таври “тасодуфӣ” дар Бағдод ҳалок гардид, гирякунон рафта буд. Ҳеҷ тасаввур намекард, баъди рафтани Маҳмуди сухангӯй дунё боз боқӣ мемонад, гулҳо боз мешукуфанд, ошиқон боз таронаи муҳаббат мехонанд.

Аз хабари қатли Аҳмад Зоҳир, тибқи гуфтаи дӯсташ Нурулло Абдуллоев, муддатҳо ба худ наомада, мисли шахси фарзандгумкарда, мегиристу мегирист. Тибқи нақли дӯст ва ҳамкори дигараш Баҳодури Неъмат, барои лаҳзае тугмаи магнитофонро бо садои “Алмоси Шарқ” хомӯш намекард ва намедонист, ки маҳз дар соли марги ӯ, мисоли ӯ фоҷиавӣ мисоли ӯ дар aғбa мемирад ва мисоли ӯ маргаш пайванде ба воситаи нақлиёт хоҳад дошт. Намедонист ё шояд эҳсос мекарду хомӯширо авло медонист ё шояд барояш аз ин рӯзгори пур аз ғаму мусибат, оромкадае дар зери хоки сияҳ авлотар буд.

Ин ҳама хотирот дар китоби нависандаи маъруф, рӯзноманигори соҳибистеъдод Латофат Кенҷаева “Шарораи хотираҳо” бо лаҳни ширинтар, пурсӯзтар, хонданитар зикр ёфтаанд ва ҳоҷат ба такрори он нест. Фақат ҳаминро мехоҳем зикр кунем, ки Муқаддас хонадор шуда, ҷудо гардида буд ва аз ин никоҳ фарзанде дорад бо номи Баҳодур. Баҳодур дар навбати худ духтараки ширингуфтору дустрӯе дорад бо номи Муқаддас ва чун насаби модарашро гирифтааст, ин тифлак Муқаддас Набиева ном дорад.

Муқаддас Донишкадаи варзишро хатм кард ва хеле чолоку чаққон буд, вале меҳри санъат ӯро аз озмуни “Бӯстон” ба “Гулшан” овард. Камтар аз Маҳмудҷону Аҳмад Зоҳир, ҳамагӣ 28 сол умр дид, аммо мерос ва нақши гузоштааш дар мусиқии тоҷик нозудуданӣ аст.

…Аз лаҳзаи марги Муқаддас Набиева, ин овозхони ҷавонмарги тоҷик, ки дар оғози ин навишта, аз рӯйи нақли шоҳидон тасвир гардид, қариб 28 сол сипарӣ шуд, аммо тӯли ин муддат, перомуни воқеияти аслии ин ҳодиса гуфтугузор ва овозаю ҳангома, барои лаҳзае фурӯ нанишаста буд. Сабаби аслӣ дар он аст, ки тӯли таърих ҳамеша будани шоҳидон дар фоҷиаи ба марги шахси маъруфе анҷом меёфта, алалхусус, аҳли ҳунар, боис ба шубҳаву овозаҳои гуногун мегардад. Махсусан дар ҳоле шохидон зинда бошанд ва мантиқан, ба марги ин шахс манфиатдор бошанд.

Масалан, шоҳидони марги Аҳмад Зоҳир ғайб заданд, шоҳидони марги Маҳмуди Воҳид солиёни зиёд об ба даҳон гирифта буданд, шоҳиди марги Устою Maстo бо азиятҳои зиёд тарки зиндагӣ кард. Дар саҳнаи марги Муқаддас Набиева ҳам, лаҳзаҳое, ки метавонанд шубҳа бедор намоянд, зиёд ҳастанд ва маҳз ин чиз боис ба тадқиқоти масъалаи мазкур аз ҷониби хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон гардид. Албатта, мо даъво надорем, ки қотили Муқаддасро пайдо кардаем, баръакс, шояд таҳқиқи ин масъала, доғи гумонро аз ҳамсафарони Муқаддас бардорад. Вале, маҳз дар баёни бегуноҳии худ ҳунармандони ҳамсафари ситораи санъати тоҷик то ба ин дам душворӣ кашидаанд ва агар ин амалро анҷом дода бошем, фикр мекунем, ин ҳам як хидмате ба таърихи нонавиштаи санъати тоҷик аст.

То ҷое аз нақли шоҳидони вақт меояд, дар оркестри эстрадии “Гулшан” мисоли ҳар як коллективи эҷодӣ зиддиятҳои дохилӣ дар замимаи зиддиятҳои қавмӣ, маҳаллӣ, авҷ мегирифганд. Ҳам аз китоби “Шарораи хотираҳо”-и Латофат Кенҷаева ва ҳам aз китоби “Сад ранги сад сол”-и Салими Аюбзод бармеояд, ки гарданшахӣ ва якравии Муқаддас, ки бо он шӯҳрати зиёд намехост таронаҳои русӣ хонад ва баръакс, бештар ба таронаҳои халқӣ рӯй меоварду дар вақтҳои охир, ҳатто ба хондани сурудҳои классикӣ (мисли “Боди сабо”, МТЖТ) майл карда буд, роҳбарияти дастаро дар назди мансабдорони баландпоя дар ҳолати ноҳинҷор мегузошт. Табиист, бо ин баҳона фишори рӯҳӣ аз ҷониби баъзе беҳунарону бадхоҳони санъати миллии тоҷик сурат мегирифт.

Дар ин маврид Латофат Кенҷаева чунин ба ёд меорад: “Муқаддас дар Тошканд барои иштирок дар озмун суруди “Эй нури ман”-ро тайёр карда буд. Лекин нагузоштанд то бо ин суруд дар озмун ширкат варзад. Барои ӯ ин амал зарбаи сахте буд. Рашку ҳасади бадхоҳонашро дида, Муқаддас доимо магуфт, ки “Ман дар саҳна абадӣ намемонам, умри саҳна кӯтоҳ аст. Ҳамагӣ 10 сол ҳунарнамоӣ мекунаму худам аз саҳна меравам. Чӣ даркор ба дили мардум задан?”. Муқаддас мехост пас аз саҳна рафтан актёр шавад, вале орзу дошт то ин вақт шашмақомро бо оҳанги эстрадӣ хонад. Ва танҳо суруди “То боди сабо”-ро хонду ин орзуҳояшро бо худ ба хок бурд. Ӯ ҳарчанд бадхоҳиву бадбинии баъзе аз нотавонбинонро медид, лекин як хислате дошт, ки ҳатто ба душманаш ҳеҷ гоҳ бадиро раво намедонист”.

Дар ин вазъияти сангини рӯҳӣ, Муқаддас барои хеш дар симои Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи соҳибистеъдод, пуштибон, розгӯю розшунав пайдо кард. Ин муносибати дӯстона, оҳиста-оҳиста ба як ишқи романтикӣ, ба як ишқи пок бадал шуд. Нурулло Абдуллоев эҳсосоти он вақтро дар сӯҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, чунин тасвир менамояд:

“Вақте бори аввал бо Муқаддас вохӯрдам, ӯ шахси дар зиндагӣ худро гумкарда буд. Яъне ба мардум бовар мекард ва аксар вақт аз ин боварии вай истифода мекарданд. Ман баъзан бо зӯриву баъзан бо зорӣ ба вай роҳ нишон медодам. Баъд мо аз ҳамдигар як умр миннатдор будем. Мегуфт, ки ту дар ҳақиқат ҳамон касе, ҳамон нуре ҳастӣ, ки ба ман роҳамро рӯшан кардӣ. Ҳарчанд ба ягон кори вай садди роҳ намешудам. Ягона хоҳише доштам, ин буд, ки мӯяшро набурад. Вай мӯи хеле зебо дошт ва доим мегуфт, ки ман мӯямро мебуррам. Ман наздаш як шарт гузоштам, ки рӯзе, ки ту мӯятро буридӣ, мо дигар бо ҳам вонамехӯрем. Баъд як парики хушрӯ аз Фаронса оварда буд, бо ҳамон баромад мекард.

…Зиндагии Муқаддас аҷоиб буд, ду рӯзи якхелаи зиндагӣ надошт. Шояд барои ҳамин ҳам, ман аз як тараф худамро хушбахт ҳисоб мекунам, ки боре ошиқ будам ва касе ба ман ошиқ буд. Baқтe ба Париж рафт, аз он ҷо ба ман занг зад, ки ман дар ҳар кунҷи хона барои ту сюрприз тайёр кардам, то рафтани ман ҳамонҳоро ту бояд ёбӣ. Ман ҳар рӯз тамоми кунҷи хонаро мекофтам, чизҳои аҷиб-аҷиб меёфтам. Умуман, 8 мактубча ёфтам. Баъди бозгашт омаду гуфт, ки ман 7 мактубча навишта будам, ҳаштумаш аз куҷо пайдо шуд?

…Муқаддас дар саҳна хандон, дар зиндагӣ бештар гирён буд. Зеро қариб то рӯзҳои охири зиндагӣ, зиндагии хубе надошт. Ба ҳама бовар мекард. Ва ҳар бор аз ин бовар карданҳо, албатта як лакнате, як зарбае мехӯрд, вале бо вуҷуди ин, боз бовар мекард. Дар ҳаёт, дар саҳна зиндадил буд. Бисёр ҳам дардро зуд қабул карда, зуд фаромӯш карда метавонист.

“Нури ман” ин шеър аз Мавлонои Румӣ аст. Чанд вақт Муқаддас худаш ин ғазалро ҷустуҷӯ карда ёфт ва оҳанг ҳам гӯё бо супориши шахсии худаш аз ҷониби оҳангсози рус навишта шудааст. Ин ҳам як намуди тӯҳфа ба ман буд. Вақте Муқаддас дар Париж буд, ба ман як фиттаи Аҳмад Зоҳирро аз Афғонистон оварданд. Чун дар рӯзи омадани Муқаддас бояд ба сафари эҷодӣ мерафтам ва аз ин сабаб, ба пешвоз баромада наметавонистам, суруди “Ту бароям муқаддасӣ”-и Аҳмад Зоҳирро дар магнитофон тайёр карда монда, мактубча навиштам, ки “танҳо тугмачаи магнитофонро пахш кун”. Баъди гӯш кардани ин суруд, ишораҳо мекард, ки “ман барои ту як сюрприз дорам”. Баъд маълум шуд, ки ин суруди “Нури ман” будааст”.

Дар мавриди тасодуфӣ набудани марги Муқаддас омилҳои зиёде ҳастанд, ки ба андеша водор менамоянд. Шояд ба истилоҳ, ин ҳама “кори тақдир” бошад, вале, далел далел аст: Муқаддасро дӯсти Нурулло Абдуллоев, Азизқул Рӯзиев бо фиреб ба тӯй, ба Такфон бурда буд. Албатта, агар ин ҳодиса амали сирф тарҳрезишуда бошад, ин далел дар ин ҳодиса нақши муҳим дорад, яъне метавонист Рӯзиев супоришеро бо истифода аз дӯстиаш бо Нурулло Абдуллоев, барои анҷом додани амалиёт, иҷро кунад. Ҳодисаи як рӯз пеш аз фоҷиа, аниқтараш, рӯзи 29-уми сентябри соли 1979 рухдода, то ҳанўз рӯйи қоғаз наомадааст, аз ин рӯ, шояд як муҳимияте дар ин ҳодиса дошта бошад.

Нақли Нурулло Абдуллоев: “Пеш аз ин фоҷиаи рухдода, ман ҳангоми банаворгирии филми “Хонаатон обод бод”, ки дар мавзӯи босмачию босмачигарӣ буд, аз асп афтида, биниям шикаст. Вақте маро ба беморхона оварданд, гуфтанд, ки рӯятро бурида, аз даруни бинӣ ҷарроҳӣ мекунем. Розӣ нашудам, зеро агар рӯйи маро мебуриданд, дигар наметавонистам чун ҳунарпешаи театр ва кино фаъолият намоям. Баъдан, беҳтарин табибони ҳамонвақтаи беморхонаи Қарияи Боло Исоқиева, Калштейн ҷарроҳиро аз даруни бинӣ анҷом доданд. Тӯли муддате, ки ман дар беморхона будам, Муқаддас ҳамроҳи ман буд. Ба кор ҳам намерафт. Ман чандин маротиба гуфтам, ки як бор рафта аз маҳалли кораш хабар гирад, зеро он вақт дар оркестри эстрадии “Гулшан” зери сарварии Орифшо Орифов тартибу низом хеле ҷиддӣ буд. Он рӯз ҳам (29. 09.1979, МТЖТ) Раҳима Шалоэр ва дигар дӯстонаш омада ба ӯ гуфтанд, ки бо сабаби ба кор нарафтан, дар “Гулшан” душманонат туро бадгӯӣ мекунанд, мумкин аз кор туро пеш кунанд. Лекин вай парво надошт. Ман ӯро базӯр равон кардам, ки ҷойи коратро рафта, хабар гир. Муқаддас рафт. Пас аз вай, яке аз ҳамкорони мо, дӯсти наздики ман Азизқул Рӯзиев, ки хеҷ вақт ба хоҳиши ӯ “не” гуфта наметавонам, ҳамроҳи оилааш Раъно барои хабаргирии ман омаданд. Пас аз сӯҳбати тӯлонӣ пурсиданд, Муқаддас канӣ? Ман гуфтам, ки як рафта маҳалли корашро хабар гирифта, меояд. Онҳо гуфтанд, ки тӯй доранд ва дигар дар ин боб ба ман чизе нагуфтанд. Баъдтар ба ман маълум гардид, ки онҳо аз назди ман баромада, рост ба Хонаи Радио, ҷойи кори Муқаддас омадаанд. Муқаддасро пайдо намуда, гуфтаанд, ки “Нурулло иҷозат дод, ки ту ҳамроҳи мо ба деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, ба тӯй равӣ. Муқаддас медонист, ки Азизқул барои ман дӯсти хеле наздик аст. Аз ин сабаб намефаҳмад, ки онҳо дурӯғ мегӯянд. Баъд онҳо бо Муқаддас ва аҳли дастаи вай, тӯй рафтаанд. Мани бехабар, то бегоҳ нигоҳ кардам, Муқаддас наомад. Хавотир шудам. Ҳунарманди маъруф Саломат Қобилова, ки aз дӯстони наздикамон ҳисоб мешуд, омада буд. Ҳам Саломат ва ҳам Муқаддас гуфта буданд, ки ҳамон бегоҳ ба ту oши “суюқ” карда меорем, вале ҳарду ҳам наомаданд. Саҳар аз ҳамшираи шафқат либосҳоямро пурсидаму як таксӣ гирифта, хонаи Муқаддас омадам, ки нест, дараш маҳкам. Аз он ҷо баромада, ба хонаи Саломат рафтам, ки шояд Муқаддас дар хонаи вай бошад. То кӯчае, ки вай зиндагӣ макунад, омадам, ки Саломат бо мошинаш баромад. Ман машинаи ӯро шинохтам ва таксистро гуфтам, ки аз қафои ҳамон мошин рав. Маълум гардид, ки Саломат ҳам ба хонаи Муқаддас омада истодааст. Пурсидам, ки “Муқаддас канӣ?”, -гуфт, ки ман худам Муқаддасро хабаргирӣ омадам, зеро дирӯз гуфта буд, ки меоям, наомад. Ба ёдам омад, ки Валерий Тситсоев ном кларнетнавоз доштанд ва агар ягон ҷо тӯй мешуд, якҷоя мерафтанд. Хонаи Валерий рафтам, ки занаш баромад. Пурсидем, ки “Валерий дар хона аст?”. Гуфт, ки нав хобаш бурд. Гуфтам, ки бедор кун ман фаҳмам Муқаддас куҷо рафтааст. Зан ҷавоб дод: “Шумо ба фикрам, бехабаред. Инҳо куҷое рафта буданд, дар роҳи Айнӣ ба садама дучор шудаанд. Онҳоро бо воситаи вертолёт оварданд, ман Валерийро гирифта, ба хона омадам. Дигарон дар беморхонаи “Медгородок” хобанд. Пурсидам, ки зан дар беморхона Муқаддасро дидааст ё не? Гуфт, ки не, ӯро надидам. Баъд гуфтам, ки аз Валерий пурсад, ки онҳоро кӣ ба тӯй бурдааст? Валерий ҷавоб дод, ки Азизқул. Бо Саломат Қобилова рост ба хонаи Азизқул омадем. Рафиқам аз мо гурехт. Маро иҷозати даромадан ба назди ӯ надоданд. Барои он ки ӯ тарсид, ки ман ягон чиз мегӯям. Азизқул Муқаддасро тӯйи кадом бародараш, ба Такфон гирифта бурдааст. Ба ҳар ҳол ӯ сабаб шудааст, ҳарчанд ба назари ман, ӯ ҳам гуноҳ надорад. Вале дурӯғ гуфтааст, ки гӯё ман ба Муқаддас иҷозат дода бошам, то ба Такфон равад. Беморхонаи “Медгородок” омадем. Дойирачӣ, яке аз фарзандони Боймуҳаммад Ниёзов-Шарифҷон Ниёзов, ки аккордеон менавохт, бо ҷароҳатҳои гуногун хоб буду ман Муқаддасро аз миёни беморон меҷӯстам. Баъд аз миёни онҳо касе гуфт, ки “ака Муқаддасро накоб, мо Муқаддасро бой додем”.

Аз ин тасвир чанд суоли беҷавоб пайдо мешавад:

1.Нурулло Абдуллоев мегӯяд, ки “ӯ ба ягон хоҳиши дӯсташ Азизқул Рӯзиевро не гуфта наметавонист”. Чаро Рӯзиев аз Нурулло барои ба тӯй, ба Такфон бурдани Муқаддас, рӯирост хоҳиш накард?

2.Муқаддас ваъда карда буд, ки ҳатман Нуруллоро бегоҳ хабар мегирад ва хӯрок меорад. Чаро пеш аз ноҳияи Айнӣ рафтан, ақаллан бо вай хайрухуш накард?

Фикр мекунам, ба ин суолҳо Азизқул Рӯзиев шояд посух гуфта тавонад, аммо то ба ҳол мо ӯро пайдо накардаем.

Базми тӯёна дар Такфон чӣ гуна доир гардид ва дар чанд соати пеш аз марг, дар он шаби ситоракуш, Муқаддас чӣ эҳсосоте дошт ва сояи аҷал дар пеши дидагони ошиқкушаш ба чӣ ранге мерақсид? Агар марги ҳунарманд амали тарҳрезишудае буд, оё аҳли деҳаи Такфон ва меҳмонону мухлисони ситораи санъат чизеро пайхас карда буданд?

Бадбахтона, гузашти солҳо имкон намедиҳад, то шоҳидони ҳол ҳодисаи 28 сол пеш рухдодаро муфассал ба ёд оранд, ба риштаи тасвир кашанд. Хотироти талху ғамангезе аз он шоми охирини Муқаддас дар ёдгӯшаҳои ҳама шоҳидон мондааст, аммо дар сӯҳбат бо хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, аксар сокинони деҳаи Такфон ба ҷуз “ӯро куштанд, вале чӣ гуна, намедонем”, иктифо карданд. Ҳарчанд дар ин маврид пойинтар муфассалтар ҳарф хоҳем зад, аммо мавриди зикр аст, ки ба чунин хулоса омадани аксари сокинони деҳа-шоҳидони ҳол, сабаб дорад. Аз он ҷои чаппашудаи автобуси ҳунармандон зинда баромадан ғайриимкон менамояд ва табиист, ҳалок шудани танҳо Муқаддас ва зинда мондани дигарон, шубҳанок менамояд.

Ҳамчунин, гузашти солҳо имкон намедиҳад, то парвандаи ҷиноии дар ин маврид дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бозшударо истифода барем, зеро мӯҳлати нигаҳдошти парванда ҳамагӣ бист сол аст ва пайдо кардани он ба мо муяссар нагардид. Чун муфассал касе имрӯз наметавонад ҳодисоти шаби охирини Муқаддасро ба ёд орад, зарур донистем номаи шоҳиди ҳодиса, сокини ноҳияи Ёвон, омӯзгори мактаби миёнаи №31, шӯрои деҳоти Оби Мук, деҳаи Даштобод, хонаи №104, Қаюм Бадаловро, ки 23-юми майи соли 1989 навишта шуда, соли 2004 дар яке аз рӯзномаҳои кишвар нашр гардидааст, бо каме ихтисорот, ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ҳодиса, дубора нашр намоем.

…«Агар хато накунам, охири сентябри соли 1979 буд. Ман ва якчанд рафиқам, баъди кор, рӯзи шанбе аз ноҳияи Ёвон ба роҳ баромада, ба ҷониби қишлоқи Такфони ноҳияи Айнӣ сафар кардем. Ҳаминро бояд эзоҳ диҳам, ки ин тӯй, тӯйи ҷиянҳои ман Мӯъминҷону Фотеҳҷону Алишер буд. Падари онҳо бо шодравон Муқаддас Набиева дар Омӯзишгоҳи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе таҳсил намудааст. Ҳамаи моро ба базмгоҳи ҳунар, ки Муқаддас бо ҳамкасбонаш ҳунарнамоӣ мекарданд, таклиф намуданд. Азбаски дар қишлоқ дигар ҷои кушоде набуд, саҳни мактабро барои базми он шаб интихоб карда, оро дода буданд. Дар як тарафи саҳна ду кати калон паҳлӯи ҳам гузошта шуда буд. Дар якеи он санъаткорон ва дар дигараш меҳмонон, яъне мо нишастем. Муқаддасро ҳамагӣ як бор тариқи телевизион ва бори дигар дар як тӯй дар Душанбе дида будаму халос. Аммо, он шаб ӯро аз наздик медидам. Ӯ дар тан куртаи барқади саҳнавӣ, бо остинҳои дароз дошт. Ранги курта ё шоҳии зардчатоб ё ки ба ранги гули садбарг наздик буд. Аз болои курта нимтанаи зарбоф пӯшида, дар cap тоқии зардӯзӣ дошт. Гесувонаш майдабофӣ карда шуда, то камараш мезад. Ҳангоме, ки раиси базмро пешбарӣ намуданду ӯ санъаткорон, меҳмонон ва мизбононро “хуш омадед” гуфт ва саҳнаро пешкаши Муқаддас намуд, кафкӯбиҳои тамошобинон ва мухлисон ба ҳаво печид. Ҳар маротибае, ки Муқаддас месуруд, ҳама ҳушу гӯш мешуданд. Яъне, гуё ҳама ба ӯ ҳамовоз шуда, месуруда бошанд. Ман ҳар як ҳаракати Муқаддасро мушоҳида менамудам. Муқаддас ҳар боре, ки сурудашро ба охир мерасониду навбатро ба дигарон медод, омада дар назди кат, дар рӯи курсӣ, ду метр аз ман дуртар менишаст ва чой менӯшид. Пас аз нӯшидани чой, ду оринҷашро рӯи кат гузошта, манаҳашро дар рӯи кафи дастонаш ниҳода, андешамандона ба фикр фурӯ мерафт. Ҳар бор баъди сурудхонӣ, ин ҳаракатҳои вай такрор мешуданд. Раиси базм баъди баромади ҳофизон ба хешу табори соҳибҷашн, меҳмонон ва шахсони довталаб сухани табрикӣ медод. Ман ҳам барои табрик кардани ҷиянҳо тайёрӣ медидам. Дар ҳамин вақт, писартағоям, ки бо, санъаткорон менишаст, ба назди ман омад. Пас аз салому алейк, ман хостам фаҳмам, ки ҳофизон кай рафтанианд. Ӯ гуфт, ки пагоҳ якшанбе, рӯзи истироҳат мебошад. Муқаддас ва ҳамроҳонаш баҳузур дам гирифта, пагоҳ мераванд, аммо ман баъд аз тамом ва ҷамъбаст шудани маърака ба ягон мошини роҳ бояд ба шаҳр равам. Чунки пагоҳ баромад дорам. Ман аз ин хабари ӯ хурсанд шуда, боз таъкид намудам, ки ҳофизонро ҷавоб надиҳанд. Бигзор онҳо дам гирифта, пагоҳ, рӯзона ба сафар бароянд. Дар ҳамин лаҳза, баландгӯяк дар даст, Муқаддас боз ба сурудхонӣ оғоз намуд. Ӯ мисли кабки дарӣ хиромида-хиромида, атрофи саҳнаро давр зада, месуруд. Овози гоҳ маҳину гоҳ марғуладори ӯ дар ин давраи танг акси садо дода, ба мавҷи ҳаво омехта шуда, танинадоз мешуд. Ӯ ҳангоми сурудан ба назди писарбача ё духтарчае рафта, сари пой нишаста, гӯё ки алла мегуфта бошад, бо овози маҳину ширадори худ месуруд. Сари ӯро сила мекард ва боз ба назди дигараш мерафт. Гӯё бо хар якеи онҳо хайрухуш мекард. Ман ин амали ӯро дида, ба писартағоям гуфтам: “Ин нишонаи фоли нек нест”.

Ӯ гуфт: “Ман ҳам бори аввал аст, ки ӯро дар чунин ҳолат мебинам”.

Дар ҳамин вақт баландгӯяк дар даст ҳунарманди дигаре ба саҳна баромад. Як рафиқам, ки солҳои ҷавонӣ бо ҳам дар комсомол кор карда будем, таклиф кард, ки хезед, як чарх зада биёем, ки пойҳо шах шудаанд. Ману ӯ то дари баромади мактаб нарафта, базмгоҳ ба ҷунбиш омад. Мардум аз ҷойҳои худ хеста, ба сӯи дари баромад равон шуданд. Сабабаш ба ҳама маълум, чунки ҳунарманди дигар месуруд ва оҳангу сурудҳои ӯ он вақт дар водии Зарафшон машҳур набуд. Ман инро баръало ҳис намудам. Шодравон Муқаддас низ ин ҳолатро ба тезӣ пай бурда, баландгӯякро аз дасти он ҳунарманд гирифт ва хост, ки базмгоҳро обод намояд. Дар ҳақиқат ҳам, қисме аз тамошобинон дубора ба базмгоҳ баргаштанд. Ҷавонон ба кафкӯбӣ даромаданд. Муқддас диққати тамошобинони боқимондаро ба худ ҷалб намуд. Маро дар назди дарвозаи мактаб, соҳибхонае, ки дар хизмати мо буд, дида гуфт:

-Абдуқаюм, соат ҳам се шуда истодааст, рафтем, камтар дам гиред, ки боз пагоҳ ба роҳ мебароед. Ман бо ӯ ба “қӯшхона” рафтам. Дар ҳамин дақиқа рафиқи ҳамкасб ва ҳамроҳи мо, ки ронандаамон буд, аз хоб хеста, ба базмгоҳ равон шуд. Ман ба ӯ гуфтам:

-Муаллим ба куҷо рафта истодаед? То меравед, ки Муқаддас ҳофизиро тамом мекунад.

-Не, ман бояд равам ва аз дур ҳам бошад, дидори ҳамкурси худро бинам.

-Ҳамкурсатон кист? – шилқинӣ кардам ман.

-Ману Муқаддас омӯзишгоҳи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанберо хатм намудаем.

Муаллим Худойбердиев Худойназар, ба сӯи овози Муқаддас равон шуду ман бо ҳамроҳони дигар ба ҷойгаҳи хоб даромадам ва дигар аз худ хабар надорем.

Субҳ дамиду рӯз каме равшан шуду ҳис кардам, ки касе аз болоям гузашта, ҷунбуҷул намуд ва чароғро даргиронд. Бинам, акаи Муллоибодин, ки бо мо аз Ёвон ба тӯй омада буду ҳамнишини мӯйсафедон буд, чеҳраи ҳаросону тарсолуд дорад.

-Чӣ гап акаи Муллоибодин, тинҷӣ? – пурсидам ман.

-Хезед, ки Такфон тамоман вайрон шуд.

-Чӣ гап шуд? – хавотир шудам ман ва ҳама ҳамон дам ба по хестем.

-Ҳамаи артистон мурдаанд. Мегӯянд, ки ягон кас зинда намондааст. Ман зуд либосҳоямро пӯшида, ба тӯйхона давидам. Ҳамроҳонам ба маркази қишлоқ шитобиданд. Аз ҳеҷ кас ҷавоби аниқ гирифтан мумкин набуд. Зани тӯйдор, ки ба ман духтартағо мешуд, сахт тарсида, беҳуш шудааст. Ҳамаи занҳо дар гирди ӯ ҷамъ шуда буданд. Мирзобой-соҳиби тӯй бошад, ба ҷои воқеа рафтанд. Хулоса, тамоми қишлоқ ба по хеста буд. Ба сӯи табобатхонаи қишлок роҳ пеш гирифтам. Одамони бисёре дар назди он ҷамъ омада буданд. Аз дарвозабон фаҳмидам, ки маҷрӯҳонро ба он ҷо овардаанд. Ҳарчанд кӯшиш кардам, ки даромада бинам, дарвозабон намонд. Гуфт, ки милисаҳо ҳеҷ касро иҷозат намедиҳанд. Аз вазъи Муқаддас пурсидам. Гуфтанд, ки танҳо Муқаддас мурдааст, вале ҷасадашро то ҳол наовардаанд. Ман бо ҳамроҳонам ба ҷои ҳодиса шитобидем. Дар масофаи зиёда аз як километр, дуртар аз қишлоқ кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Айнӣ, роҳро посбонӣ мекарданд ва бо ишораи даст фаҳмониданд, ки гузашта равем”.

Аз қиссаи шоҳиди воқеа чанд далеле пайдо мешавад, ки бо нақли дигарон, аз ҷумла, Нурулло Абдулло мантиқан мувофиқат намекунад.

1.Қаюм Баладов мегӯяд, ки Мирзобой-соҳиби тӯй, ҳамсабақи Муқаддас будааст. Дар ин ҳолат, чаро эҳтиёҷ ба миёнаравии Азизқул Рӯзиев пайдо шуд?

2.Нурулло Абдулло мегӯяд, ки танҳо як рӯз пеш аз тӯй Азизқул Рӯзиев бо фиреб ҳунармандро ба тӯй бурд, яъне, вай як рӯз пеш намедонист, ки шояд ба Такфон, ба тӯй равад. Аммо, сокинони деҳаи Такфон аз омадани Муқаддас ба тӯй қариб як моҳ пеш огоҳ буданд ва ба хотири дидани ин овозхон, меҳмонон ҳатто аз Самарқанд ба Такфон омада буданд. Баъзе аз ҳунармандони ҳамсафари Муқаддас мегӯянд, онҳо хеле пештар медонистанд, ки ба Такфон, ба тӯй мераванд. Шояд ин далелҳо ҷузъӣ намояд, аммо баъзе вақт, маҳз ҳамин ҷузъиётҳои назарногир дар ҳодисаҳои фоҷиавӣ нақш мебозанд.

Ҳунарманди маъруф Баҳодури Неъмат ба қавли Нурулло Абдулло “он замон нав ба Гулшан омада буд ва қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи санъат мегузошт ва ҳамеша бо Муқаддас ба тӯйҳо мерафт”. Овозхони маъруф хотироти он субҳи ситоракушро ба хабарнигори МТЖТ, чунин қисса кардааст:

“Вақти бозгашт аз Такфон, мошини мо ба ҷарӣ рафт ва дар натиҷа чанд кас маҷрӯҳ шуду Муқаддасро бой додем. Вақте ронанда хост, ки чархро хабар гирад, чун дар баландӣ будем, мошин худ ба худ қафо рафт. Ҳама дар даруни автобус будем. Ман дар пеши дари миёна нишаста будам. Ҳангоме, ки мошин қафо рафт, ронанда хост онро нигоҳ дорад. Як пояш дар замин, ба пойи дигараш мехост тормозро зер кунад. Баъд мо нигоҳ кардем, ки ҳеҷ не мошинро нигоҳ дорад. Азбаски ман дар назди дар будам, хостам фаромада, ба пушти чархи мошин ягон санг монам, вале ҳангоме поямро дар замин мондам, аллакай мошин ба ҷарӣ рафт ва ман худамро тез партофтам. Ҳамон лаҳза ҳама мехоҳад, ки худашро аз мошин партояд. Ронанда бошад, дар сари роҳ монд. Ҳама дар мошин буданд, аз ҷумла Муқаддас, раққоса Алла, дойирачӣ Латиф, Шарифҷон-писари Боймуҳаммад Ниёзов, Валерий Тситсоев ва дигарон. Муқаддас бо раққоса паҳлӯи ҳам менишастанд. Азизқул Рӯзиев дар назди ронанда нишаста буд. Дар маҷмӯъ, мо 8 нафар будем, ду кас дар берун монд, 6 нафар дар мошин ба ҷар рафтанд. Вақте мошин ба ҷарӣ меравад, азбаски Муқаддас ба дар наздик буд, худашро мепартояд, дигарон худро партофта наметавонанд”.

To ҷое хонанда дар оянда эҳсос мекунад, нуқтаи аз ҳама баҳснок дар ин фоҷиа, саҳнаи марги Муқаддас аст, аниқтараш, ҷое ки ӯ афтид. Андешаи шоҳидон ва шахсони огоҳ, аз ин ҳодиса, тамоман мухолифи якдигар аст ва боис ба шубҳа мегардад. Масалан, шоҳиди воқеа Баҳодури Неъмат дар сӯҳбат ба хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, чунин тасвир мекунад:

“…Шарифҷон Ниёзов баъдтар ба ман гуфт, ки вақтe ман аз автобус париданӣ шудам, аккордеони шумо халал расонид, барои ҳамин баромада натавонистам. Ҷое, ки ман паридам, ҳамвори бехарсанг буд, ҷое ки Муқаддас мепарад, харсангҳо буданд. Яъне, ҳангоми аз мобайни ду харсанги калон гузаштани мошин, Муқаддас худашро мепартояд ва сараш ба ҳамон харсанги калон мезанад. Ин ҳодиса баъд аз тӯй, соатҳои панҷ рух дод. Дар торикӣ чизе наменамуд, ҳеҷ чизро дида намешуд. Вақте аз мошин паридам, намедонистам, ки ба куҷо афтидам. Мошин рост рафта дар даруни дарё болои як харсанг сахт зада, истод. Таги мошин пачақ шуд. Одамон дар ду тараф монданд. Кӣ аз куҷое баромад, худаш намедонад”.

Сабоҳат Қосимова, хоҳари калонии Муқаддас, то ба ҳол дар мавриди тасодуфӣ ва амри тақдир будани фоҷиаи ба хоҳараш рухдода, бовар надорад. Номбурда дар ин ҳол ба ташхис, ки ҳангоми баргузор шудани ҷараёни судӣ доир гардид, такя менамояд. Ба қавли вай, он вақт хостанд рафти ҳаракати мошинро ба ҷарӣ такрор кунанд, аммо он ҳолат такрор нашуд. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори МТЖТ чунин зикр кардааст:

“…Ман аз сӯҳбатҳояшон мешунидам, ки мегуфтанд, вақте аз Такфон мебаромаданд, як километр набаромада, Муқаддас мошинро медорад ва боз савор мешаваду ба роҳашон идома медиҳанд. Аммо ман фикр мекунам, ки барои чӣ вай аз машина фаромад? Чӣ даъвое шуд он ҷо? Вақте суд шуд, баъд ташхис гузарониданд, ҳамон хел мошин оварданд. Вақте мошинро ҳар қадар ба ҷарии симетра тела медоданд, мошин намерафт ба он самт, ба тарафи кӯҳ рафта меистод. То ба ҳамон самт махсус тела надиҳӣ, ба он тараф намеравад. Ёдам ҳаст, ки шавҳари хоҳари бузургамон, ҳамроҳи мо буд. Ӯ мегуфт, “биёед мешинем, баъд мошинро тела диҳед. Биёед, биёед”. Аммо ҳеҷ кас инро намехост. Ва ҳатман, хоҳӣ, нахоҳӣ, андешае ба cap меояд, ки садама буд ё дасти касе буд, ё шояд махсус набуду тақдир буд, аммо ғайр аз он ки болои сари Муқаддас зарба гирифта буд, дигар тамоми бадани ӯ захме надошт. Дар мошин 11 нафар будаанд. Онҳо 30 метр ба поин рафта, ҳама саломат мондаанд, лекин Муқаддас дар 3 метр ҷон дод. Ва ҳамон мошине, ки ба садама дучор шуда буд, тамоман ҷойи обод надорад. Ҳайрон мешудам, ки чаро дигарон саломат баромадаанд, вале Муқаддас не?”.

Шоҳиди марги Муқаддас, омӯзгор аз ноҳияи Ёвон Қаюм Бадалов ҳам ба табиӣ будани фоҷиа шубҳа дорад. Вай манависад:

“Айнан, чӣ тавре ки шодравон Муқаддас ба Латофатхон хобгузорӣ кардааст, мошин дар ҷарии чуқури маҷрои хушкидаи дарё ба кӯҳсанге бархӯрда, пачақ шуда буд. Агар ҳамон харсанг намебуду мошин ба дарё мерафт, ҳамаашон нобуд мешуданд. Чӣ тавре Латофатхон дар таъбири хоб қайд кардааст, хоби зан чаппа будааст. Ҳампешагони Муқаддас дар даруни мошин қариб сад метр дур ба ҷарӣ афтода, саломат мондаанду Муқаддас 4-5 метр аз лаби дарё поён, сараш ба тарафи дарё, як ҷомаи зирабеқасаб дар болояш, абадӣ хобида буд…”.

Воқеан, дар мавриди мошини ҳунармандон ҳаминро бояд гуфт, ки ба қавли Азизмуҳаммад Ниёзов, роҳбари бадеии дастаи шашмақомсароён, аз рӯйи нақли бародараш, шоҳиди воқеа Шарифҷон “…мошин фарсуда буд, тирезаҳояш набуданд, ба ҷойи он тахта шинонда буданд”, Нурулло Абдулло бошад, чунин илова мекунад, ки “мошин дар қафо як курсии чоркаса, баъд се курсии дукаса ва дар назди дар як курсии яккаса дошт. Муқаддас доим агар ман набошам, дар лаби дар менишасту як магнитофонеро, ки ҳамон вақт гирифта будем, ҳамеша ҳамроҳаш гирифта, гӯш мекард. Он субҳи ситоракуш дар пеш Баҳодур Неъматов нишаста будааст”. 

Азизмуҳаммад аз қавли бародараш Шарифҷон, ба хабарнигор чунин қисса кардааст:

“…вақти аз тӯй омадан, мошин ба ҷарӣ меравад, ронанда дар боло мемонад. Ҳамон вақт, тормози мошин нағз намеқаппад, ронанда гумон мекунад, ки чархи мошин кафидааст, фаромада, чархро хабар мегирад. Дар ин ҳолат, мошин ба қафо меравад, ронанда мошинро дошта наметавонад. Ҳамон вақт Муқаддас, ки дар пеши дар нишаста будааст, худашро ба берун мепартояд, мошин ба ҳамон тарафи ҷарї чаппа мешавад. Бояд ронанда аз мошин намефаромад. Вай “ба мошин мебароям” гуфта, чамбаракро медорад. Дар ин ҳол ронанда ба мошин мебарояду меафтад, мебарояду меафтад, чамбари мошин бошад, тоб мехӯрад ва ба ҷарӣ меравад. Ҳама ба поён нишеб мешаванд, дар ин вақт мошин ба ҷарӣ нарафта, Баҳодур худашро мепартояд. Аккордеони Баҳодур ба Шарифҷон халал мерасонаду вай худро аз мошин партофта наметавонад. Ҳамин тавр, дар назди аккордеон мемонаду наҷот меёбад. Агар дар паҳлӯи аккордеон наменишаст, ӯро мошин пора-пора мекард. Мошин ба болои санг дуқат шуда меафтад. Вай чунон чуқурие аст, ки агар афтӣ, баромадан номумкин буд”.

Нурулло Абдуллоев, ки бовар дорад ин ҳодиса амри тақдир буд ва касе дар ин фоҷиа гунаҳкор нест, таассуроти худро аз ҷойи воқеа чунин баён мекунад:

“Вақте ки рӯйи Муқаддасро кушодам, дидам, дар ҳақиқат як тарафи сараш сахт задааст. Аз рӯйи нақли онҳо, ки ҳамроҳи ӯ буданду қисса карданд ва мо ҳатто ҳамон ҷойи фоҷиаро фаромада дидем, мошине, ки ба ҷарӣ рафта буд, дар даруни дарё истода буд. Ин ба фикрам, кори қисмат аст. Чунки ҷое, ки вай афтидааст, умуман хеле ҷои ҳамвор мебошад. Тасаввур кунед, дар даруни мошин 10-12 нафар ҳофизону навозандаҳо, боз апаратураи хеле вазнин бор карда буданд. Ҷойи баланди ағба буд, шояд мошин камтар накашидааст. Ронанда мошинро нигоҳ дошта, худ фаромада дидааст, ки шояд ягон чарх кафида бошад. Вақте ронанда фаромадааст, мошин қафо меравад. Ронанда ҳам як бачаи лоғар буд, ба он ки ба мошин савор шуда, тормози онро зер кунад, гӯё ба дигарон шӯхикунон, аз берун “юш-юш” гӯён, бо дасташ нигоҳ доштанӣ шудааст. Аммо мошин ба ҷарӣ меравад. Муқаддас хеле чаққон буд, вай институти варзишро тамом карда буд, бо баробари ба ҷарӣ рафтани мошин, Муқаддас аз мошин худро мепартояд. Он ҷо аз роҳ як метр паст, як майдони ҳамвори қум мебошад, ки 6-7 метр дарозӣ дорад. Баъд ҷарию дарё. Вақте мошин аз роҳ як метр паридааст, ҳамон лаҳза дарро кушода, ба болои қум мепарад. Аҷоиби кор дар он аст, ки мошин ӯро ягон кор накардааст, балки аз ҳамон Такфон ба ӯ аз тӯй ҷома тӯҳфа мекунад, ҷома дар танаш, баробари баромадан ба як тарзи одатӣ дарро гашта пӯшидааст. Вақти пӯшидан, лаби ҷома ба дари мошин дармемонад. Ҷое, ки ӯ ғалтидааст, ҳамон қадар ҳамвор ва мулоим аст, ки гӯё барои гӯштингир офарида бошаид, лекин ҷое, ки сари Муқаддас задааст, як хоросанг дар баробари қум истодааст, ҳатто наменамояд. Дар он ҷо хоросанг аст ва як тарафаш бо як қошу чашм ҳамчунон сахт ба хоросанг бархӯрдааст, ки пачақ буд. Мо фаромада, ҳамон ҷоро дидем, хеле хуни бисёр рафтааст. Барои чӣ мегӯям, кори қисмат, барои он ки ҳамон мошин ҷое, ки дигарон шиштаанд, нағз истодааст, лекин ҷое, ки Муқаддас шиштааст, вай чунон пачақ шудааст, ки гӯё тагу боло ба ҳамдигар часпида бошад. Яъне, агар Муқаддас дар даруни мошин ҳам мебуд, боз нобуд мешуд”.

Дар мавриди дармондани ҷома ба дари машина, Латофат Кенҷаева суоли мантиқӣ медиҳад:

“Чуноне шоҳидони марги ӯ гуфтанд, гӯё ҷомаи ӯ дар автобус дармондаву боиси марги вай шудааст. Аммо ба ин ҳам боварии ман ҳеҷ намеояд, ки наход вай натавонистааст, ки ҷомаашро аз мошин озод кунад. Ин далел ҳам бошад, шубҳаи одамро меорад, ки чаро вақте ронанда ва ҳамроҳонаш аз автобус парида диданд, ки ҷомаи ӯ дар мошин дармондааст, онро аз мошин ҷудо накарданд?”

Дар ҳамин ҳол, аввалан овозае, ки миёни мардум буд, дар мавриди зери чархи мошин мондани Муқаддас, комилан инкор мешавад. Ва далели банд шудани ҷомаи Муқаддас ба дари мошин, маълум мешавад, воқеият аст. Аммо, ҳатто тасаввури ин лаҳза дар пеши назар шубҳаро бедор мекунад.

1.Агар ҷомаи Муқаддас воқеан ба дари мошин банд шуда бошад, чаро мусофироне, ки ҷуз ронандаву Баҳодури Неъмат дар мошин буданд, онро халос накарданд?

2.Чаро мошин ҷомаро аз ҷисми Муқаддас бадар накард?

3.Дар ҳолати аз ҷисми Муқаддас бадар нашудани ҷома, чаро ӯ, ки бо ҷомааш ба мошин банд шуда буд, ба ҷарӣ наафтид?

Чизи дигаре, ки шубҳаро бедор мекунад, шаҳодати гуногун дар мавриди харсанг аст. Яке онро ноаёну номаълум дар зери қум мегӯяд, дигаре онро харсанги азим меномад. Чаро сабаби асосии марги Муқаддас дар чашми чанд нафар ба чанд ранг менамояд?

Идомаи воқеаро Баҳодури Неъмат чунин қисса мекунад: “Баъд вақте, ки ман Тӯра, ронандаро дидам, ба наздаш рафтам. Ҷома пӯшида буд, аз ҷомааш сахт дошта, “чӣ кор кардӣ, шарманда шудем” гуфта, дод задан гирифтам. Баъд, гуфтам, ки биё поёнро бинем, ки чӣ гап шуд. Дукаса фаромадем, ҳама аз чор тараф доду вой карда истодаанд. Ин вақт Азизқул Рӯзиев, ҳамоне ки моро ба тӯйи хешаш бурда буд, баромадан замон то қишлоқ давида рафта, ба соҳиби тӯй хабар доду бо як дасти шикаста дар қишлоқ мондааст. Латифи дойирачӣ бошад, куҷое давида рафта, дуртар аз мошин ғалтидааст. Ҳамаро нигоҳ кардам, ки ҳастанд, баъд пурсидам “Муқаддас канӣ?”, гуфтанд, ки “намедонем”. Мо лаби дарёро кофтем, даруни мошинро дидем, ки нест. Ман ронандаро гуфтам, ки ту аз поён кофта биё, ман аз боло кофта мефароям. Аз болои ҷар кофта фаромаданӣ будам, ки ронанда аз поён фарёд кард, ки ёфтам-ёфтам. Давида фаромадам, ки Муқаддас рӯнокӣ хобиддааст. Ман ӯро ба пушт гардонида, хобонидам, набзашро дидам, ки намезанад, умуман даҳшатовар буд. Ҳама ҷояш хуншор буд. Ман баъд аз ин чанд вақт хоб рафта наметавонистам”.

Идомаи воқеа то як андоза аламовар аст. Сабоҳати Қосим ба ин андеша аст, ки ҳамроҳонаш, аъзои дигари дастаи ҳунарӣ, ҷасади ӯро танҳо гузошта, рафтанд ва ин амалест нобахшиданӣ. Ба қавли Сабоҳат, агар ҷойи эшон Муқаддас мебуд, ҳаргиз ин амалро раво намедид. Хотироти он рӯзро номбурда чунин қисса кардааст:

“30-юми сентябри соли 1979. Ҳарчанд он қадар хотираи қавӣ ҳам надорам, аммо ин рӯз дар хотири ман хале хуб нақш бастааст. Дар ҳамин рӯз бояд дӯстони қадрдон ба хонаи мо меомаданд. Ман тараддуди меҳмон қабул кардан доштам, лекин ҳоло меҳмонҳо наомада буданд, ки касе дарро куфт. Ҷеғ заданд, ки бароед, ба шумо гуфтание дорем. Ин лаҳза ман ҳамроҳи шавҳарам Фаррухи Қосим будам. Он вақт намефаҳмидам, инро акнун дарк мекунам, ки оварандаи ин шумхабар, чӣ қадар симои дуздона дошт, аз чеҳрааш баръало пай бурдан мумкин буд, ки чизеро пинҳон медорад. Онҳо ба ман чизе нагуфтанд. Воқеаро ба шавҳарам фаҳмониданд. Баъд аз рафтани он мард, шавҳарам гуфтанд, ки Муқаддас ба садама дучор омадаасту пояш шикастааст. Ҳоло дар бемористон мебошад. Ман ба ин гуфтаҳо бовар кардам ва ҳар ду аз хона баромадем. Ёдам ҳаст, аввал ба хонааш, ки дар нӯҳошёнаи назди мағозаи марказӣ, дар қабати нуҳӯм буд, рафтем. Фикр кардам, ки агар пояш шикаста бошаду дар беморхона хоб бошад, либосҳояшро гирам. Баъд аз ин рафтем ба Такфон, он ҷое ки садама рух додааст. Ӯро аз он ҷо ба Панҷакент бурдаанд. Агар хато накунам, ба дидбонгоҳи ГАИ шаб расидем. Дар роҳ ба мошинҳо бачаҳои аммаам ба мо ҳамроҳ шуданд. Маро гуфтанд, нарав. Намехостанд ман равам. Ман хеле даъво кардаму гуфтам, “агар пояш шикаста бошад, аз ҳама наздик ман ҳастам, чун зан ҳастам он ҷо ман лозим мешавам. Барои чӣ шумо намехоҳед, ки равам?”. Мо тақрибан субҳ ба Панҷакенг расидем. Дар ин вақт амакам ба назди ман омада рафтанд, “худро ба даст гир”. Мо ба мурдахона рафтем. Ҷасади Муқаддас ба мошини сафед мерафт, ман медидам, ки ӯ байни кӯҳ чӣ тавр медавид, медавиду Муқаддасро аз мо мебурд. Мисли ҳамаи онҳое, ки воқеаеро аввалин маротиба мешунаванд, ман ҳама чизро сарфаҳм намерафтам, сарам карахт шуда буд, паёпай ин савол дар майнам чарх мезад: Чаро чунин шуд? Барои чӣ? Онҳое, ки ҳамроҳаш буданд, ӯро партофта рафтаанд. Агар Муқаддас мебуд, ин гуна рафторро нисбат ба ҳамроҳонаш раво намедид. Ӯ наметавонист чунин рафтор намояд. Аммо ҳамроҳонаш тавонистанд. Ӯро партофта рафтанд. Дигаронро ба чархбол оварданд, лекин ҷасади Муқаддас танҳо монд. Ҳамон рӯз модарам аз саҳар то бегоҳ дар роҳи Варзоб нишаста, Муқаддасро интизор шудаанд. Аввал намедонистанд, баъд аз даҳони ронандае мефаҳманд, ки ҷасади ҳофизае дар роҳ хоб аст, онро танҳо партофта рафтаанд. Ман паноҳи ҳамаи онҳоро ба Худо мегӯям”.

Баҳодур Неъматов, шоҳиди воқеа, ба чархбол бурдани ҳунармандони дигари дастаро тасдиқ карда, сабаби инро дар ҷароҳат бардоштани баъзе аз аъзои даста медонад:

“Аз қишлоқ одамон омада, гуфтанд, ки ба ягон чиз нарасед. Моро гуфтанд, ки ба беморхона равед. Ҳамаи моро гирифта ба беморхонаи Такфон бурданд. Азбаски хунук буд, ҳама ҷома доштем, баъд рӯи Муқаддасро пӯшониданд то омадани гурӯҳи судӣ-тиббӣ. Диrap ҳамроҳони мо ҷароҳати вазнин бардошта буданд. Ба ягон чиз нарасида рафтем. Ҳамин хел сумкаи пул пош хӯрда ва асбобҳои мусиқӣ ба ҳар тараф ғалтида, хоб буданд. Аз Айнӣ кормандони милиса омаданду Муқаддасро гирифта, Панҷакент бурданд, баъд аз он ба Фархор оварданд. Ин ҳодиса, ки дар вилояти Cyғд pyx дод, барои ҳамин ба Панҷакент бурданд. Аз Душанбе чархбол омада, моро бурд”.

Нурулло Абдуллоев, ки худро сабаби ба Такфон рафтани Муқаддас медонад, сафарашро ба Анзоб чунин қисса менамояд:

“Ҳамроҳи онҳое, ки дар беморхонаи Душанбе буданд, Баҳодур Неъматов ҳам буд. Бо ҳамроҳии Саломат Қобилова баромада, рост ба фурӯдгоҳ омадем. Он замон тайёра ба Айнӣ парвоз намекард. Соати панҷи саҳар ман ва Баҳодур ба Самарқанд парвоз кардем. Вақте ба беморхонаи Айнӣ омадем, ба мо гуфтанд, ки морги мо кор намекунад. Бинобар ин, мо ҷасади Муқаддасро ба Панҷакент фиристодем. Мо ба Панҷакент рафтем, ин вақт дар Душанбе овозаи марги Муқаддас паҳн шудааст. Вақте ки мо он ҷо будем, хешовандони Муқаддас омаданд. Ба Панҷакент зиёда аз 50-60 мошин аз Душанбе рафтанд. Ман худам ҷасади Муқаддасро аз “морг” печонида баровардам. Ҷасади ӯро дар мошини хешовандаш Файзулло мондем, ман дар назди ҷасад нишаста омадам. Гуфтанд, ки Муқаддас баробари задан, ба гумонам байни 3-5 дақиқа нобуд шудааст. Баҳодур гуфт, ки баробари задан, ягон нишонаи ҳаёт набуд, яъне ӯ на даст меҷунбонид, на пой меҷунбонид, на нафас мекашид”.

Азиммуҳаммад Ниёзов, вазъи бародараш Шарифҷонро, ки ҳамсафари Муқаддас буд, чунин тасвир мекунад:

“Рӯзи ба тӯй ба Такфон рафтан, мо онҳоро гусел карда будем. Шарифҷон ҳар боре ба тӯй мерафт, то соатҳои 9-10-и рӯз меомад, вале ин бор, дер мекард. Хеле хавотир шудам. Шарифҷон баъди нисфирӯзӣ омад. Сару рӯяш варам карда, қабурғаҳояш шикаста буд. Вақте онҳоро ба беморхона оварданд, Шарифҷон гурехта хона омадааст. Ӯ омадан баробар аз тарс танҳо “Муқаддас мурд” мегуфту халос. Вақте ки Муқаддасро дар болои санг, рӯ ба поён хобида меёбанд, Шарифҷон мӯйи сарашро дошта, рӯяшро гардониданӣ мешавад, ки парик аз сари Муқаддас ҷудо мешавад. Ӯ гумон мекунад, ки сараш аз танаш ҷудо шудааст. Дод гуфта, аз тарси зиёд аз ҳуш меравад. Алла Бобохонова, раққоса ӯро ба ҳуш меорад”.

-Чаро маросими видоъ бо Муқаддас доир нашуд?

-Муқаддас ҳунарманди пуровоза буд ва бояд тибқи одат, маросими видоъ бо ӯ дар пойтахт доир мегардид. Аммо, чунин нашуд.

Латофат Кенҷаева, муаллифи китоби “Шарораи хотираҳо” чунин мегӯяд:

“Вақте ин хабари шумро мардуми зиёд шунида aз тамоми гирду атрофи кишвар, ҳатто Самарқанду Бухоpo дар назди Хонаи радио ба хотири маросими видоъ ҷамъ омада буданд, роҳбарияти онвақтаи Кумита нагузоштанд то ҷасадро ба онҳо биёранду бо Муқаддас видоъ намоянд. Зеро гунаҳгораш мекарданд, ки санъаташро фурӯхтааст, аммо ӯ танҳо ба хотири шинос будан, ба тӯй рафта буд. Он рӯз аз он дӯстону наздикони Муқаддас, ки худро чун “дӯсти ҷонӣ” нишон медоданд, касе набуд ва барои овардани ҷасади ӯ, хоҳараш Сабоҳат рафт. Ҳатто дар хонаи хешу таборе, ки дар Душанбе доштанд, ақаллан нагузоштанд то пас аз роҳи дароз ҷасади ӯро бигзоранд. Аз ин рӯ, Муқаддасро ба шаҳри Ваҳдат (он вақт Кофарниҳон) хонаи як хешаш бурданд. Пас аз он ҷо, модари бечорааш боз як автобусро киро карда, духтарашро ба Фархор бурд”.

Сабоҳати Қосим, апаи Муқаддас ба ёд меорад: “…Ҳамон сол суд дар ноҳияи Айнӣ доир гардид. Аз тарафи мо, ману модарам рафтем, зеро дар оилаамон мард набуд. Ман падар надоштам, бародар ва додар ҳам. Он ҷо парванда кушоданд, парванда фақат барои ронандаи мошин. Дар мавриди он ки нафаре ҳалок шуд, парванда набуд, гӯё чизе рух надодааст. Гӯё Муқаддас вуҷуд надошт. Он вақтҳо ман ҷавон будам. Аз ҳамаи ин ба ҳайрат меафтодам. Дар охири суд, ба ман ҳам навбати сухан расид. Гуфтам, ки ҳатман бояд дар зиндагӣ ҳақиқат бошад, махсусан дар суд бояд ба ин масъала ҷиддӣ назар кунанд. Ман ин суханҳоро тахминӣ гуфта истодаам. Он замон ман хеле эҳсосӣ будам. Мо аз он хонадоне будем, ки ба одамон зуд бовар мекунанд. Муқаддас ҳам ҳамин хел инсон буд. Рафтору кирдораш як буд. Гуфтаҳояш бо амалаш дуруст меомад. Ман ҳам шояд дар зиндагӣ барои он зиёд азоб мекашам, ки ба дод бовар мекунам. Гумон мекунам дод бояд дод бошад. Ҳамин гуна судяҳое бояд бошанд, ки ҳақиқатро рӯи об бароранд. Онҳо ҳар рӯз тақдири ҳазорон нафарро ҳал менамоянд. Аммо дар суд дар бораи Муқаддас сухане набуд. Дар бораи тӯйдорҳо фикр мекардам. Охир Муқаддас шаб то рӯз базми онҳоро обод карда, барои онҳо хизмат кард. Ва онҳо бояд ақаллан ҳарфе мегуфтанд. Инро ман дар суд ҳам гуфта будам. Аммо ҳеҷ чиз, фақат хомӯшӣ буд. Модари бечораи ман, даҳ сол Муқаддас гуфт. Муқаддас барои модарам мисли писар буд. Ӯ барои он кас мард буд. Тамоми умедашон ба ӯ буд. Чун дар зиндагӣ касе надоштанд, “дар дами пирӣ ба ӯ такя менамоям” гуфта буданд. Аммо ин фоҷиа тамоман модарамро шикаст, модарамро аз по афтонд. Бо дарди ягона умеди азбайнрафтаашон, модарам аз олам чашм пӯшиданд. Модари ман то дами марг мегуфтанд, Муқаддас чї гуфтӣ? Охирин суханат чӣ буд? Дар охирин нафас киро фарёд кардӣ?”.

Ҳам Нурулло Абдулло ва ҳам Баҳодури Неъмат ба ин андеша ҳастанд, ки бо вуҷуди боварнокарданӣ будани саҳнаи марги Муқаддас, касе аз аъзои гурӯҳ ба куштани овозхон ҳавасманд набуданд. Ҳарчанд, ба қавли Латофат Кенҷаева, мӯҳлати муқарраршударо иҷро накарда, аз маҳбас баромадани ронандаи автобус ҳам, далели манфиатдор будани кадом шахси номаълум дар ин фоҷиа мебошад.

Нурулло Абдулло мегӯяд: “Аз аъзои гурӯҳе, ки ҳамроҳи Муқаддас рафта буданд, ягон нафар ба вай бадбинӣ надоштанд. Онҳо доим якҷоя мегаштанд”.

Аъзои гурӯҳ, Баҳодур Неъматов ба ин андеша аст, ки ронанда ҳам нисбати Муқаддас чизе надошт: “Суд дар ноҳияи Айнӣ доир гардид. Зимистон буду ағбаи Анзоб маҳкам. Мо тавассути Самарқанду Панҷакент омадем. Як ҳафта суд давом кард. Моро бурданд ҷойи ҳодиса, боз ҳамин хел 8 нафарро ба ҳамин гуна мошин шинониданд, дар ҳамон мошин ва он дар ҳақиқат ба сӯйи ҷарӣ рафт. Ба ронандасе сол доданд, айби ронанда буд. Ба фикрам ронанда ҳам қасдан ин корро накардааст. Ин ронанда доим ҳамроҳи Муқаддас буд. Пеш аз омадани ман онҳо якҷоя буданд. Ман нав аз хизмати ҳарбӣ омада будам ва тахминан чор моҳ ҳамроҳи онҳо гаштам. Одам бояд ба ҳукми парвардигор розӣ шавад. Ин тақдиру насиб будааст, агар тақдиру насиб набошад, одам аз тайёра меафтаду зинда мемонад. Якум ин ки дар гурӯҳ ягоннафар душмани Муқаддас набуд. Ҳамаи мо аз пушти Муқаддас нон мехӯрдем. Онҳое, ки ҳамроҳи Муқаддас ба ягон тӯй мерафтанд, зиндагиашонро медиданд. Ман ҳам аз хизмати ҳарбӣ нав омада будам, маро ҳамроҳ гирифта тӯй мебурданд. Ягон ҳунарманд, бисёр ҳасад барад ҳам ба якдигар даст намебардорад. Мумкин дар дил ҳасад барад, бахилӣ кунад, лекин то ин дараҷа не, ки ҳампешаашро нобуд кунад. Дар рафти суд ҳам хешовандони Муқаддас гуфтанд, ки ронандаро суд кардед, аъзои дастаро барои чӣ суд намекунед? Раиси суд гуфт, ки охир онҳо ҳам ҷабрдидаанд, ҷароҳати рӯҳӣ гирифтанд, қариб мемурданд. Инҳо гунаҳгор нестанд. Куштани Муқаддас ба кӣ даркор буд? Барои куштан, ягон мантиқ доштан лозим аст. Мо, ки аз пушти Муқаддас нон мехӯрдем. Ҳатто мо ҳамон вақти ҳодиса ягон чизамонро нагирифтем. Баъд аз ҳукм баровардани суд, аз мо пурсиданд, ки пулҳоро чӣ кор кунем? Мо гуфтем, ки ба писари Муқаддас, Баҳодур диҳед. Вақти ба тӯй рафтан, мо аз магнитофони Муқаддас сурудҳои Аҳмад Зоҳирро гӯш карда рафтем. Муқаддас ба ман гуфт, ки суруди “Оҳанги зиндагӣ”-ро тайёр кун, ба овози ту мувофиқат мекунад. Гуфт, ки ман суруди “Ёди он сарви равон”-ро тайёр мекунам. Баъди марги Аҳмад Зоҳир, Муқаддас дар сӯги ин ситораи Шарқ бисёр сӯхта буд, ҳамон вақт, соли 1979 Аҳмад Зоҳир низ ҳалок шуда буд. Мо умуман, маслиҳат карда будем, ки баъд аз тӯй ба Искандаркӯл меравем. Пагоҳи рӯзи якшанбе буд, рӯзи дигар бояд меомадем. Баъд аз тӯйхона бисёр дастовез дода буданд, раққосаамон гуфт, ки ман намеравам, шавҳарам ҷанг мекунад, тазтар Душанбе равем. Валерий ҳам гуфт, ки ман тезтар бояд равам, зеро занам бемор аст. Хулоса, ба Искандаркӯл нарафтем. Лекин то ҳозир ман Искандаркӯлро надидаам”.

Иштирокчии базми охирини Муқаддас, Қаюм Бадалов, омӯзгори мактаби миёнаи №31-и ноҳияи Ёвон дар мавриди оилае, ки бо даъвати онҳо Муқаддас ба Такфон рафта буд, чунин менависад:

“Модари соҳибҷашнҳо Моимҷон, ки аз хабари ногаҳонии марги Муқаддас сахт тарсида, кадоме аз узвҳои дохилиаш сахт зарар дида буд, пас аз якуним сол аз олам чашм пӯшид. Писаронаш Мӯъминҷони сесола, Фотеҳҷони панҷсола ва Алишери ҳафтсола монанди Баҳодур, ҷигарбанди Муқаддас аз навозишҳои модар маҳрум гардиданд. Ман ҳар боре, ки писари маҳзуни Муқаддасро бо модаркалонаш дар телевизион медидам, беихтиёр соҳибҷашнони номурод пеши назарам меомаданд. Қисмати онҳо як хел будааст”.

Азиммуҳаммад Ниёзов дар мавриди бародараш Шарифҷон, чунин мегӯяд: “Шарифҷон то ҳол сурудҳои Муқаддасро гӯш намекунад, агар гӯш кунад ба хотираш ҳамон ҳодиса меояд. То ба наздикӣ аз хобаш тарсида мехест”.

Мо наметавонем касеро дар марги Муқаддас гунаҳгор намоем. Ҳарчанд то ба имрӯз Сабоҳати Қосим, Латофат Кенҷаева, Қаюм Бадалов, аксари сокинони деҳаи Такфон бовар намекунанд, ки ин фоҷиа тасодуфӣ сурат гирифта бошад. Вале ҳамаи аъзои гурӯҳ ва Нуруллои Абдулло, наздиктарин шахси Муқаддас ин ҳодисаро сирф тасодуфӣ меҳисобанд. Мо наметавонем бо такя ба баъзе аз далелҳое, ки бо воқеият мувофиқат намекунанд, касеро айбдор созем, ҳарчанд чуну чароҳо, суолҳое, ки ҷавоб мехоҳанд, хеле зиёданд. Мувофиқ наомадани андешаҳо ва далелҳои пешовардаи шахсони асосӣ дар ин моҷаро, аз он зумраанд.

Аммо марги Муқддас метавонист тасодуфӣ набошад, вале тавре Баҳодури Неъмат мегӯяд, “барои куштан, ягон мантиқ доштан лозим аст”. Маҳз набудани мантиқ барои марги Муқаддас, куштор ё тасодуф будани ин ҳодисаро зери суол мебарад. Шояд ба забон омадани баъзе шахсони огоҳ аз сиёсати истеъдодкуши ин солҳо ба ин фоҷиа рӯшанӣ андозад. Аммо, ҳоло танҳо ҳаминро метавонем гӯем, ки ҳунармандони ҳамсафи Муқаддас дар ин моҷаро комилан бегуноҳ буданд ва доғеро ба номи онҳо часпонидан, камоли ҷавонмардӣ нест.

Хуршед Атовулло, Фарангиси Музаффар, Парвонаи Ҳамдам, Саидаи Қурбон Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, соли 2008

Муқаддас Набиева 7-уми январи соли 1950 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ (1972) ва дорандаи унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1977) мебошад. Субҳи 30-юми сентябри соли 1979 дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ бар асари садамаи нақлиётӣ даргузаштааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here