Пас аз зӯҳри имрӯз дар идораи сомонаи “Padida” маъракаи супоридани тӯҳфаҳо ба ғолибон ва иштирокчиёни Марафони шеър баргузор шуд.

Ба иштирокчиёни калонсоли Марафон ҳамчун тӯҳфа китобҳои илмӣ, ба донишҷӯён китобҳои дарсиву омӯзишӣ ва ба иштирокчиёни хурсол китобҳои шеъру афсона аз тарафи рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода супорида шуд.

Ҳамчунин, Аҳмадшоҳ Комилзода ба кулли иштирокчиён барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос карда, ба донишҷӯён маслиҳатҳои судманд дод ва онҳоро боз ҳам ба хондан ташвиқ кард.

“Ҳарчанд як дона китоб ба назар ночиз метобад, аммо имрӯз аз гирифтани он хеле хурсанд шудам. Зеро маро қадр карданд ва барои иштирокам онро чун тӯҳфа ба ман доданд. Марафон ҳам хеле хуб гузашт. Дар оянда чунин Марафонҳо зиёд ва мӯҳлаташон дароз карда шавад, боз беҳтар мешавад”,-ибрози андеша намуд Парвиз Асадуллоев, яке аз иштирокчиёни Марафони шеър.

Иштирокчии дигари Марафон Мирсаид Сатторов пешниҳод намуд, ки дар озмунҳои баъдӣ шеърҳо дар як вақт сабт ва пахш карда шавад, то ҳамаи иштирокчиён баробар ба рақобат шурӯъ кунанд.

Ин аввалин Марафони шеъри сомонаи навтаъсиси “Padida” буда, аҳли эҷоди сомона бо ин қаноат карданӣ нестем ва дар оянда ташкил намудани дигар озмунҳо низ дар назар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here