Филми “Дуғоб”-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо дар Ҷашнвораи байналмилалии синамо “Само” иштирок мекунад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар додааст.

Ҷашнвораи байналмилалии синамо “Само” соли 2009 аз ҷониби як муҳоҷири афғон дар кишвари Шветсия ташкил шуда, ҳамасола аз 13-ум то 15-уми сентябр дар шаҳри Стокҳолм баргузор мегардад.

Ҳаҷми филми “Дуғоб” 35 дақиқа буда, бори нахуст аст, ки дар ҷашнвораи хориҷ аз кишвар иштирок менамояд. Филми мазкур солҳои 2018-2019 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” рӯи навор омадааст.

Коргардони филм Зайнулобиддин Мӯсо буда, ҳунармандон Ансор Асадуллозода, Ҳусейни Камолиддин, Асад Камолов ва овозхон Райҳона Раҳимова дар он нақш офаридаанд.

Мазмуни филм дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки бо ҳунармандӣ дар як деҳаи дурдаст зиндагии худ ва писари хурдсолашро таъмин менамояд. Ашхоси тамаъҷӯй мехоҳанд зани ҷавонро ба доми худ афтонанд. Аммо бинанда ба росткорӣ, ишқи пок доштани он ва бо мубориза бурданаш шоҳид мегардад.

Маврид ба ёдоварист, ки филми кӯтоҳҳаҷми “Дуғоб” дар саҳифаи қабули филмҳо дар радаи 5-ум қарор дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here