Зафар Турдалиев, оҳангсози ҷавони тоҷик дар Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад.

Ба иттилои сомонаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Фестивали мазкур аз санаи 7-ум то 12-уми июни соли равон дар шаҳрҳои Тошканд ва Хоразми Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Дар ин Фестивали сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, оҳангсози ҷавон Зафар Турдалиев намояндагӣ мекунад.

Зафар Турдалиев асарҳои “Консертино барои оркестри калони симфонӣ”, “Валс-фантазия барои оркестри калони симфонӣ” ва достони симфонии “Ҳулбук”-ро муаррифӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, мақсад аз баргузории Фестивал тарғиби беҳтарин намунаҳои осори композиторони ҷавон, ҳавасмандгардонии жанрҳои мусиқӣ барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here