Пагоҳ, 14-уми октябри соли ҷорӣ дар “Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд филми мустанади “Марги ғурур” намоиш дода мешавад.

Филми мазкур аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таҳия гардида, ба зиндагӣ ва фаъолияти булбули Шашмақом, сарояндаи “Ушшоқи Саразм” Олим Бобоев бахшида шудааст.

Хуршед Атовулло, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” иброз намуд, ки ёд аз чунин овозхонҳои нотакрор қарзи инсонии мост.

“Олим Бобоев сарояндаи нотакрори “Шашмақом” буд. Ҳамто надошт. Дар озмунҳои байналмилалии “Шашмақом” ҳаводорони ин намуди мусиқиро қоил карда буд. Дареғ, ки аз миёни мо ҷавон рафт. Ёд аз ӯ қарзи инсонии мост”.

Ин навбат филми мазкур бахшида ба 5500-солагии шаҳри Саразми бостон намоиш дода мешавад. Даромад ба тамошои филм ройгон буда, хоҳишмандон ба таври озод метавонанд дар ин маърака иштирок кунанд.

Олим Бобоев (Олими Искандарӣ) 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент, дар оилаи санъаткор Искандар Бобоев, ки бо тахаллуси Искандари Танбӯрӣ машҳур буд, ба дунё омада, 8-уми феврали соли 2012 бар асари беморӣ аз олам даргузаштааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here