Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик намоҳанги навбатии худро рӯзҳои наздик пешниҳоди мухлисонаш хоҳад гардонид. Дар ин бора овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Намоҳанг “Ёди ту” унвон гирифта, дар манзараҳои зебои Тоҷикистон аз ҷониби студияи “AZIM Production” рӯи навор омадааст.

“Дӯстони азиз, клиптаронаи “Ёди ту” санаи 15-уми май, соати 17.00 дар канали “AZIM Production” дар шабакаи YouТube бори нахуст намоиш дода мешавад”,-навиштааст овозхон дар саҳифаи шахсии худ.

Инчунин, Нигина ба тарроҳ Хуршед Сатторов барои пироҳанҳои миллӣ ва ба пардозгар Ланиша барои ороиши рӯю мӯй изҳори миннатдорӣ намудааст.

Намоҳанги “Ёди ту” пас аз 9 моҳи нашри намоҳанги “Дилнома” пешниҳоди бинанда хоҳад гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here