Овозхони ӯзбеки муқими Русия, Согдиана таронаи ҷадиди тоҷикии худро нашр намудааст. Дар ин бора худи овозхон дар саҳифаи Инстаграм иттилоъ додааст.

Тарона “Ёри ҷонам” унвон гирифта, муаллифи матн Муҳаммадҷон Назиров мебошад. Оҳанг бошад, аз суруди “Много ли надо”-и худи овозхон гирифта шудааст.

Қаблан овозхон таронаи “Много ли надо”-ро сабт ва пахш намуда буд, вале имсол зимни сафараш ба Тоҷикистон қарор дод, ки бо ҳамон оҳанг шакли тоҷикии сурудро пешниҳод намояд. Дар эҷоди шакли русӣ ва тоҷикии суруд саҳми Муҳаммадҷон Назирови тоҷик беандоза арзёбӣ шудааст.

Таронаи “Ёри ҷонам” дар канали “Tamoshow” дар шабакаи YouTube нашр гардида, то имрӯз онро зиёда 20 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Дар эҷод ва бандубасти тарона овозхон ба пардозгар Лидия Андре ва продюсер Беҳрӯз Зеваров изҳори миннатдорӣ намудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар чорумин маросими тақдими ҷоизаҳои “Tamoshow Music Awards 2019”, ки санаи 3-юми марти соли ҷорӣ баргузор гардид, Согдиана ба сифати меҳмон иштирок дошт ва соҳиби ҷоиза гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here