Сарояндаи саршинос ва муваффақи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова консерти калони худро дар саҳнаи “Crocus City Hall» баргузор менамояд.

Дар ин бора сомонаи расмии «Crocus City Hall» хабар медиҳад.

Консерт таҳти унвони “Мен сени севаман” қарор аст, рӯзи 13-уми ноябри соли равон баргузор гардад. Примадоннаи санъати эстрадаи ӯзбек барои мухлисони худ, ҳудуди 1 соату 30 дақиқа баромад хоҳад кард.

Чиптаҳо аллакай ба фурӯш баромадаанд. Нархи чиптаҳо аз 800 то 8000 рубли русиро ташкил медиҳанд.

Юлдуз Усмонова дар тӯли фаъолияти эҷодии худ, зиёда аз 600 тарона сурудааст. Таронаҳои ӯ бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, форсӣ ва дигар забонҳо эҷод шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here