Сарояндаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова бо барномаи нави консертӣ ба Тоҷикистон меояд.

Дар ин бора овозхон дар саҳифаи “Инстаграм” ва сомонаи шахсии худ хабар додааст.

Қарор аст, барномаи нави консертии Примадоннаи санъати ӯзбек Юлдуз Усмонова таҳти унвони “Омадам, то бигӯям” рӯзи 26-уми апрел дар Амфитеатри “Аҳорун”-и шаҳри Душанбе ва санаи 28-уми апрел дар Амфитеатри “Қасри Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардад.

Чиптаҳоро мухлисон метавонанд аз ҳоли ҳозир аз хазинаҳои амфитеатрҳои мазкур дастрас намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here