Қаблан ба шумо иттилоъ дода будем, ки овозхони машҳури ӯзбек Юлдуз Усмонова санаи 13-уми ноябр дар “Crocus City Hall”-и шаҳри Маскав барномаи консертӣ дорад.

Дар арафаи консерт Оҷонсии иттилоотии “Подробно.uz” дар бобати зиндагии овозхон дар замони номусоид ва муносибати ӯ ба унвонҳову муҳаббати халқ мусоҳиба оростааст.

-Юлдуз, шумо овозхони халқӣ ҳастед ва албоми таронаҳоятон дар Олмон, Амрико, Англия, Туркия, Ҳолланд ва дигар кишварҳо нашр шудааст. Муҳаббати халқро чӣ гуна эҳсос мекунед? Оё ин ба шумо дар зиндагӣ кӯмак мерасонад?

-Ҳамеша кӯмак мекард ва ҳоло ҳам кӯмак мекунад. Замони роҳбарии Каримов ман бо сиёсат мушкилии ҷиддӣ доштам ва тӯли 17 сол аз ҳунарнамоӣ кардан маҳрум будам. Танҳо муҳаббати халқ ва имони ман ба адолату Парвардигор бароям муҳаббат, қувват, имон ва истеъдод бахшид. Мардум ҳамеша бо мананд. Натанҳо нафароне, ки дар интернет ба навиштани шарҳҳои дағал ва бадгӯӣ машғуланд, балки одамони оддӣ, онҳое, ки кор мекунанд, хоксоранд, зиндагии худро доранд ва ба консертҳои ман меоянд. Муҳаббати халқро ҳамеша эҳсос мекунам ва ин бароям қувват мебахшад. Аз аъмоли худ ҳеҷ гоҳ пушаймон нестам.

-Шумо чунон беҳамтоед, ки бо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, тоҷикӣ, форсӣ, ӯйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, русӣ ва ғайраҳо суруд месароед…

-Бале, ман бо бисёр забонҳо суруд месароям ва аз он ифтихор ҳам мекунам. Вақте ман ба Тоҷикистон меравам, баъзеҳо мегӯянд: “Ба ту чӣ лозим аст? Онҳо туро бо сурудҳои ӯзбекиат ҳам дӯст медоранд, бо забони тоҷикӣ суруд эҷод кардан чӣ лозим?” Бале, онҳо маро дӯст медоранд ва ман низ бояд забони модарӣ ва фарҳанги онҳоро қадр кунам.

-Муносибати шумо бо ҷоиза ва унвонҳо чӣ гуна аст?

-Ба ман медалҳои зиёд медиҳанд, вале ман онҳоро намегирам. Аз ман мепурсанд: “Чаро намегирӣ?”. Чӣ лозим? Шукри Аллоҳ, ки мардум қабул карданд, давлат мукофот дод ва ин бароям басанда аст. Муҳим аз ҳама муҳаббати мардум коста нагардад ва корам пеш биравад. Дар хона як пора нон бошад, бароям кифоя аст.

-Санаи 13-уми ноябр дар шаҳри Маскав барномаи консертӣ доред ва шояд ин бузургтарин консерти шумо дар саҳнаи Русия бошад. Чӣ ҳиссиёте шуморо фаро гирифтааст? Ин вохӯриро интизоред?

-Албатта, маро ҳаяҷон фаро гирифтааст. Ин нахустин консерти ман дар Маскав нест, вале бузургтарин консерт хоҳад буд. Ин маро бештар хушҳол мекунад. Вале иқрор мешавам, ки ошкоро шодӣ кардан бароям даҳшатнок аст: метарсам инро бароятон бигӯям. Аз чашм кардану аз даст додан метарсам. Кадом санъаткор ҳаяҷон надорад? Ҳар як шунаванда бароям азиз аст, мисли оилаи худам. Ҳар як тамошобинро қадр мекунам.

-Консерти худро “Men seni sevaman” номгузорӣ кардед ва бигӯед, ки мухлисонро чӣ навгониҳо интизор аст?

-Худ ба худ номи барнома мегӯяд: “Ман туро дӯст медорам!”. Инро ба таври васеъ фаҳмидан мумкин аст. Имрӯз ҳам дар оила, ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар кор барои бисёриҳо муҳаббат ва таваҷҷӯҳ намерасад. Мехоҳам ба ҳама бигӯям, ман шуморо дӯст медорам ва муҳаббати худро ҳадя кунам. Оқиле гуфтааст, ки муҳаббат синну сол надорад ва ба масофа тобеъ нест. Мехоҳам, ки одамон ҳамдигарро дӯст доранд, ба имрӯзу фардо бовар кунанд, оила, фарзандон ва дӯстони худро ҳар куҷое бошанд, фаромӯш накунанд. Дар консертам муҳаббатро ба таври васеъ васф хоҳам кард.

-Ин консерти идона барои худи шумо чӣ маъно дошта метавонад?

-Барои ман мафҳуми “идона” вуҷуд надорад. Ман танҳо дар ҷашнҳо суруд намесароям, барои ман ҳар сол ид аст. Ҳамасола дар назди мухлисонам бо барномаи нав баромад мекунам. Ҳар сол консертҳоям дар сатҳи олӣ мегузаранд. Дӯст намедорам, ки санъаткорони дигарро ба консертам даъват кунам. Бе онҳо ҳам толори ман ҳамеша пур аст.

-Ягон анъанаи махсусе доред, ки пеш аз ба саҳна баромадан онро анҷом диҳед?

-Албатта. Пеш аз оғози ҳар консертам, ҳатто чорабиниҳои давлатию хусусӣ, вақте аз хона мебароям, ҳатман дуо мекунам. Зеро мехоҳам ҳамааш хуб паси сар шавад ва онҳое, ки боварӣ карда ба дидани ман омаданд, хурсанду хушбахт бираванд.

-Яке аз таронаҳои ҷадиди шумо “Малика” ном дорад. Вақте шуморо “Маликаи санъати ӯзбек” мегӯяд, ин унвонро чӣ гуна қабул мекунед?

-Тақрибан 15 сол пеш ман аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Аммо ин унвонро замоне ба ман доданд, ки бори сеюм баромади маро дар Ӯзбекистон манъ карданд ва ман ҳафт сол дар Туркия зиндагӣ кардам. Ба қавле бе ман маро “малика” карданд. Вақте ман ба Ватани худ баргаштам, ин албатта ғалабаи ман набуд, балки ғалабаи халқ буд. Замоне ки ба ман иҷозати баромад кардан надоданд, ман ба Туркия рафтам. Ноумед нашуда, аз консертҳо барои сабти таронаҳои нав маблағ ҷамъ мекардам ва ҳамин тавр муҳаббати халқро ба даст меовардам. Баъдан як болоравии калон ба амал омад, ҳаққи хизмати ман боло рафт, аммо пеш аз ин ман хеле заҳмат кашидам. Лекин ман он рӯзҳоро ба ёд овардан намехоҳам. Дар ин бора намехоҳам ҳарф биназам. Кӯшиш мекунам, ки ба унвонҳои “маликаи санъат”, “шоҳи санъат” ва “шоҳи эстрада” аҳамият надиҳам. Ба ман ин унвонҳо лозим нест, мехоҳам муҳаббати ҳақиқии халқро ба даст орам.

-Юлдуз, шумо дар саҳна чӣ гунаед ва дар ҳаёт чӣ гуна?

-Новобаста аз он ки ман чӣ гуна “малика” ҳастам ва дар кадом оила ба воя расидаам, ба Худои худ эҳтиром ва тарс дорам. Ман метарсам, ки дар мамлакати бегона бимирам, ба ҳамин хотир мардуми худро, шаҳру давлати худро дӯст медорам. Ба ҳама хушбахтӣ ва бурдборӣ таманно мекунам, зеро ҳама сазовори хушбахтист.

-Барои бисёриҳо шумо рамзи зани қавии шарқӣ ҳастед. Қувваи шумо дар чист?

-Пештар ман фикр мекардам, ки қувва – ин хислат ва ғазаб аст. Баъзан мехостам, ки аз ҷоям бархезам ва бо мушт ба рӯйи миз бизанам. Баъзан чунин ҳолатҳо мешавад, албатта. Лекин бо гузашти солҳо синну соли ман ҳам ба ҷое расид ва дарк кардам, ки қувва – ин сабр карданро омӯхтан аст. Ҳаминро омӯхтам, ки набояд хаста ва парешон шуд. Ман кор мекунам ва ин қувваи ман аст. Ҳоло, ки қувва ва саломатӣ доред, шумо ҳам ҳаракат кунед. Нагузоред, ки чизе ба шумо монеъ шавад.

-Пас аз сафар ба Истамбул ва сабти албомҳои “İnadım” ва “Dünya” дар Туркия хеле муваффақ шудед. Баъдан бо Фотеҳ Эркоч, Левент Юксел ва Яшар бадеҳаҳои шумо нашр шуд. Дар бораи ҳаётатон дар Туркия каме қисса мекунед?

-Мо Ӯзбекистонро саросемавор тарк кардем, то ҳоламонро аз будаш бадтар накунанд. Ҳар чизи доштаамонро гузошта, ба Туркия рафтем. Маҷбур шудам, ки бо ҳар он чизи каме, ки дар даст дорам, зиндагӣ кунам. Яхдонам холӣ буд, вале нафаси озод мекашидам. Зиндагии нав маро дубора тарбия кард, омӯхт ва шифо бахшид. Аввалин коре, ки кардам, ин дарёфти маблағ ва омӯзиши забони туркӣ буд.

-Ҳаёти шумо осон набуд, аммо ҷолиб аст, ки шумо тавонистед дар ин муддат нақшаҳои эҷодии худро амалӣ намоед…

-Он рӯзҳо рӯзҳои хушбахттарини ҳаёти ман буданд ва ман барои ҳар рӯз аз Худо сипосгузорам. Ин як ғолибият аст. Дар ҳаққи ман чӣ корҳоеро раво надиданд, вале ман ҳамон як пора нони худро меёфтам. Вақте сурудҳои ман дар Туркия паҳн шуданд, дӯстонам аз Ӯзбекистон гуфтанд: “Ту дар Туркия ҳастӣ? Чаро чизе нагуфтӣ?”. Бовар мекунед, ки муҳитам аз ман рӯй гардонид, хиёнат кард. Дар ин бора ҳарф задан бароям хеле дарднок аст. Пас аз чанд муддат маро диданд, боз ба оғӯш гирифтанд. Ман ҳам дарк кардам, ки дӯстӣ чӣ будааст. Он бо хиёнат паҳлӯ ба паҳлӯ аст. Буданд нафароне, ки дастгириам карданд, миннатдорам аз ҳамаашон.

-Пас аз 11 соли дурӣ шумо бори нахуст дар Қасри “Истиқлол”-и шаҳри Тошканд баромад кардед. Ҳунарнамоӣ кардан дар Ватани худ чӣ эҳсосе доштааст?

-То ҳамин консерт ман боварӣ надоштам, ки ҳамааш ба охир расидааст. Фикр мекардам, ки ин ҳеҷ гоҳ анҷом намеёбад. Ҳатто шодӣ карда наметавонистам, тарс доштам. Мисли ҳайвоне шуда будам, ки муддати дароз дар қафас аст ва баъди озод шуданаш ҳам аз тарк кардани он қафас метарсад. Шукр мекунам, ки имрӯз президенти ман шахси солим аст. Шавқат Мирзиёев ба ман хеле кӯмак кардааст.

-Дар ин бора бештар нақл карда метавонед?

-Сарвазири давраи Каримов ба ман кӯмак кардан мехост, вале аз он метарсид, ки барои ман шуда корашро аз даст медиҳад. Ман албоми нави худро омода кардам ва хостам, ки дар яке аз тарабхонаҳои Тошканд рӯнамоӣ кунам. То баргузории чорабинӣ се рӯз монда буд, ки онро манъ карданд. Дар ин бора Саида, духтари Шавқат Мирзиёев фаҳмида, ба падараш нақл кардааст. “Агар мардум ӯро дӯст медоранд, чаро дар роҳ нигоҳ медоред, иҷозат диҳед албомашро рӯнамоӣ кунад”,-ин буд суханҳои Шавқат Мирзиёев. Дар ин вазъияти душвор танҳо як нафари ҷасур маро дарк кард ва барои ман худро дар хатар гузошт. Ӯро дӯст доштам, ӯ низ бо ин амалаш нишон дод, ки фарҳанг ва мардумашро дӯст медорад.

-Дар охир чӣ орзу доред?

-Синну солам ба ҷое расидааст, ки наметавонам умедро аз орзу фарқ кунам. Чӣ қадаре мехоҳед орзу кунед, аммо бе умед зиндагӣ ғайриимкон аст. Орзуҳои зиёд дорам ва умедворам, ки онҳо ҷомаи амал мепӯшанд. Орзуҳоямро ба шумо гуфта наметавонам ва боварӣ дорам, ки барои ин маро мебахшед. Медонед, пир ҳам шудаам ва пириро қабул дорам. Мехоҳам пириро бо шаъну шараф пешвоз бигирам ва солҳои дароз суруд бихонам.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here