Сомонаи “Hopper” рӯйхати 100 нафар ситораҳои шабакаи Инстаграмро, ки дар саҳифаи худ рекламаро бо арзиши гарон ҷой медиҳанд, нашр кардааст.

Ҷои якумро дар ин рӯйхат модели амрикоӣ Кайли Ҷеннер ишғол мекунад, ки як маводи таблиғотӣ дар саҳифаи ӯ 1 миллиону 266 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.

Овозхон ва ҳунарпешаи амрикоӣ Ариана Гранде (996 ҳазор доллар), футболбози португалӣ Криштиану Роналду (975 ҳазор доллар), модели амрикоӣ Ким Кардашян (910 ҳазор доллар) ва овозхони амрикоӣ Селена Гомес (886 ҳазор доллар) чор зинаи минбаъдаро пас аз Кайли Ҷеннер ишғол кардаанд.

Панҷ зинаи минбаъдаро дар ин радабандӣ ҳунарманди амрикоӣ Дуэйн Ҷонсон (882 ҳазор доллар), овозхони амрикоӣ Бейонсе Ноулз (785 ҳазор доллар), овозхони амрикоӣ Тейлор Свифт (748 ҳазор доллар), футболбози бразилӣ Неймар да Силва (722 ҳазор доллар) ва овозхони канадагӣ Ҷастин Бибер (722 ҳазор доллар) касб кардаанд.

Дар зинаи 12-ум футболбози аргентинӣ Лионел Месси (648 ҳазор доллар), дар мақоми 19-ум модел ва ҳунарпешаи ҳинд Приянка Чопра (271 ҳазор доллар) қарор доранд ва ҷойҳои минбаъдаро дигар ситораҳои соҳаҳои гуногун ишғол кардаанд.

Панҷ зинаи охирро дизайнери австралиягӣ Тара Милк Ти (10 ҳазору 300 доллар), модели амрикоӣ Лорен Дрейн (10 ҳазор доллар), сайёҳи амрикоӣ Челсия Ямасе (10 ҳазор доллар), пардозгари амрикоӣ Деси Перкинс (9 ҳазору 400 доллар) ва модели амрикоӣ Адам Галлахер (8 ҳазору 400 доллар) касб кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here