Каҷол Девган, ҳунарпешаи муваффақ ва шинохтаи ҳинд барои нафароне, ки дар оянда комёб шудан мехоҳанд, се роҳи асосии муваффақиятро гуфт.

Ҳунарпеша бо нашри се акс дар саҳифаи Инстаграми худ се сирри муваффақияташро мухтасар шарҳ додааст.

Ба андешаи Каҷол қадами нахустин барои муваффақият, ин “кӯшиш кардан” мебошад. Ӯ менависад, ки қадамҳои худро устувор гузоред ва ҳеҷ гоҳ аз шикаст хӯрдан натарсед.

Қадами дуюмро ҳунарпеша “шикастхӯрӣ” гуфтааст. Ҳамчунин, афзудааст, ки вақте шикаст мехӯред, ҳатман аз он ба худ дарсе мегиред. Шикаст нахӯрда, муваффақ шудан имкон надорад.

Қаҳрамони мо қадами сеюми комёбиро “хондан ва амал кардан” навиштааст. То расидан ба қуллаи мурод сайъ кунед, чандин бор пешпо хӯред ҳам, аз роҳатон пас нагардед.

Худи Каҷол то имрӯз дар зиёда аз 40 филми истеҳсоли синамогарони ҳинд нақш офарида, 6 маротиба ҷоизаи “ Filmfare Awards”-ро ба даст овардааст, ки 5-тоаш барои “Беҳтарин нақши занона” ӯ мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here