Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон дар саҳифаи Фейсбуки худ шеъри тозаэҷодеро ба дӯст ва бародари худ, Афзалшоҳи Шодӣ бахшидааст.

Ин номаи манзуми шоир санаи 12-уми май дар ҳоле нашр гардид, ки овозхони халқии ҷумҳурӣ, Афзалшоҳи Шодӣ дар яке аз бемористонҳои Олмон аз пайи табобат аст.

Камол Насрулло дӯсти худро “Булбули боғи Ватан”, “Зиндадори нусрату армони мо”, “Номбардори барӯманди ниёи мо” номида, ба ӯ муроҷиат намуда гуфтааст, ки “Баргард, пазмони туем” ва барои шифо ёфтанаш дуо кардааст.

Афзалшоҳи Шодӣ тӯли як моҳ мешавад, ки дар Олмон ҷарроҳӣ шудаву дар бемористон бистарӣ аст. Ӯ аз дарди меъда ранҷ мебурд ва пас аз ҷарроҳӣ ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Овозхон мегӯяд, ки беморияш ногаҳонӣ хуруҷ кард ва кулли нақшаҳояшро барбод дод.

Консерти овозхон дар шаҳри Хуҷанд бинобар сабаби маризияш аз санаи 31-уми апрел ва 1-уми май ба санаи 11 ва 12-уми май ба таъхир гузошта шуд, вале овозхон дар ин рӯзҳо ҳам ба Тоҷикистон имкони омаданро пайдо нанамуда, бо як паёми видеоӣ аз мухлисонаш узр пурсид ва ваъда дод, ки баргаштан замон консерти худро барпо менамояд.

Имрӯз Афзалшоҳи Шодӣ роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраевро ба ӯҳда дорад ва аз зумраи сарояндаги ватансаро ва меҳанпараст ба шумор меравад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here