Дар даври 31-уми Ла Лигаи Испания, дастаи шоҳонаи “Реал – Мадрид” дар майдони худ бошгоҳи  “Эйбар”-ро қабул намуд.

Дар бозии мазкур, тӯби нахустинро дар дақиқаи 39-ум футболбозони дастаи “Эйбар” ба нишон расонданд ва ҳисоби бозиро кушоданд.  Дар давом кӯшишҳои бозингарони дастаи шоҳона самар овард. Дар дақиқаҳои 59-ум ва 81-уми бозӣ, Карим Бензема бо задани ду гол даст ёфт ва ба дастааш пирӯзӣ овард.

Бошгоҳи “Реал – Мадрид” бо касби 60 хол дар зинаи сеюми ҷадвал қарор гирифт.

Ин сеюм бозии “Реал Мадрид” пас аз бозгашти сармураббии шинохта Зинеддин Зидан мебошад. Таҳти роҳбарии Зидан, даста ду маротиба пирӯзӣ ва як маротиба ба бохт дучор шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here