Дар шаҳри Тошканди ҳамсоякишвар Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни байналмилалии зебоии “MISS UNION Official” баргузор мешавад.

Дар ин бора “Tajikistan Fashion Week” дар саҳифаи расмии фейсбукии худ хабар додааст.

Тоҷикистонро дар озмун рӯзи 25-уми апрел дастпарвари оҷонсии “Beauty face of Tajikistan” Меҳрангез Давлатова намояндагӣ мекунад.

“Хабари хуш! 25-уми апрел дар озмуни байнлмилалии “MISS UNION Official”, ки дар Тошканд баргузор мешавад, Тоҷикистонро зебосанам Меҳрангез Давлатова, шогирди Нодира Мазитова ва тарбиятдидаи оҷонсии “Beauty face of Tajikistan” намояндагӣ мекунад”.

Қайд мешавад, ки дар ҳайати ҳакамони озмуни “MISS UNION Official”, асосгузори “Ҳафтаи муди Тоҷикистон – Tajikistan Fashion Week” Иброҳимов Тоҳир ҳам ҳаст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here