Маҷаллаи занонаи “Хочу” беҳтарин ва дӯстдоштатарин овозхони Украинаро давоми як моҳ тариқи овоздиҳӣ дар сомонаи худ муайян намудааст.

Ба рӯйхати иштирокчиён 17 овозхони украинӣ шомил гардида, давоми қариб як моҳ, аз санаи 16-уми апрел то имрӯз, 14-уми май 3 нафар бо гирифтани овозҳои бештар ғолиб дониста шуда, соҳиби тӯҳфаҳо гардиданд.

“Мақсад аз ташкил намудани чунин озмун ва дарёфти “Овозхони дӯстдоштаи Украина” ба рушди мусиқии Украина саҳми арзанда гузоштан аст. Зеро ҳар рӯз як овозхон ба саҳна мебарояду як ситора дар самои ҳунар ҷило медиҳад. Мо бо такя ба хонандагони сомонаи худ миёни сарояндаҳо беҳтарини онҳоро муайян намудем”,-омадааст дар сомонаи “Хочу”.

Олег Винник бо гирифтани 3086 овоз (61%) дар ҷои аввал, MELOVIN (Бочаров Константин) бо соҳиб шудани 1067 овоз (21%) дар ҷои дуюм ва MONATIK (Дмитрий Монатик) бо гирифтани 401 овоз дар ҷои сеюм қарор доранд ва барандаи унвони “Овозхони дӯстдоштаи Украина” гардиданд.

Ба ғолибон сертификат ва тӯҳфаҳои гаронбаҳову хотирмон аз ҷониби беҳтарин ширкатҳои Украина тақдим гардидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here