Ким Кардашян ва шавҳараш Кане Уэст солгарди издивоҷи худро ҷашн гирифта, дар баробари ин фарзанди чоруми худро номгузорӣ карданд.

Ким ва Кане имсол 5-солагии издивоҷи худро дар муҳити оилавӣ ҷашн гирифтанд ва ба фарзанди чорумашон, ки санаи 10-уми май аз модари сунъӣ ба дунё омада буд, Псалм ном гузоштанд.

“Панҷ сол, чор фарзанд, ҳаёт аз ин зиёд беҳтар буда наметавонад”,-навиштааст Ким Кардашян дар саҳифаи Инстаграми худ.

Ким Кирдашян ва Кане Уэст 17-уми моҳи майи соли 2014 оила барпо намуда, то ин дам онҳо соҳиби чор фарзанд, ду духтар (Норт ва Чикаго) ва ду писар (Сейнт ва Псалм) ҳастанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here