Киванч Татлитуғ, ҳунарманди маъруфи синамои туркро барои истифодаи ҳисобҳои қалбакӣ 10 соли зиндон интизор аст.

Дар мурофиаи судӣ ҳунармандро барои муқовимат ба кодекси андоз ва истифодаи ҳисобҳои қалбакӣ гунаҳкор мекунанд. Даромади моҳонаи ҳунарманд дар як моҳ 30 ҳазор лираи туркӣ (51260 сомонӣ) гуфта шудааст.

Ялчин Кавак, адвокати ҳунарманд дар сӯҳбати телефонӣ тариқи барномаи “2. Sayfa”, ки аз шабакаи “Kanal D”-и Туркия пахш мешавад, қазияро чунин шарҳ додааст.

“Баҳс атрофи 30 ҳазор лира гуноҳи ман аст. Ҷаноби судя аз Киванч пурсиданд, ки даромади моҳонаат чӣ қадар аст? Киванч бо тааҷҷуб ба ман нигарист ва ман гуфтам, ки 30 ҳазор лираи туркӣ. Ин изҳорот аз ҷониби ман буд, на аз ҷониби Киванч. Иштибоҳро ман содир кардам ва барои ин масъулам”,-менависад сомонаи “Кинотека” бо такя ба изҳороти Ялчин Кавак.

Ҳамчунин, манбаъ менависад, ки ҳунарманд барои иштирок дар филми ширкати “Mavi” шартномаеро бо маблағи як миллион лираи туркӣ имзо кардааст. 30 ҳазор лираи туркӣ дар як моҳ хеле хандаовар ва масхаракунанда аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here