Дар шаҳри Душанбе бо иштироки навозандагон ва ҳунармандони ҷавон барномаи консертии хайриявӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад сомонаи “ASIA-Plus”.

Қарор аст, консерти хайриявӣ санаи 7-уми июн соати 17:00 дар толори кинотеатри “Ватан” баргузор бигардад ва маблағи аз фурӯши чиптаҳо ба даст омада, ба оилаҳои камбизоат расонида мешавад.

Дар консерт донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ ва сарояндагони ҷавон баромад карда, ба таври зинда, бидуни фонограмма суруд хоҳанд хонд.

Нархи як чипата ҳамагӣ 10 сомонӣ буда, маблағи ҷамъшуда ба кӯдакони оилаҳои камбизоат хайр карда мешавад.

Барои харидорӣ намудани чиптаҳо ба рақамҳои 919095892 ва 935582306 тамос бигиред ва саҳми худро барои кори хайр бигузоред.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ин барномаи консертӣ маҳз бо ташаббуси як гурӯҳ донишҷӯёну ҳунармандони ҷавон роҳандозӣ гардидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here