Гурӯҳи овозадори “Шамс” ва овозхони ҷавон, Мадина Ақназарова дар шаҳри Хуҷанд консерти муштараки худро пешкаши ҳаводоронашон хоҳанд гардонид.

Баргузории барномаи консертӣ санаи 8-уми июн соати 17 дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар назар аст.

Ин нахустин консерти муштараки Нобовар Чиноров ва Мадина Ақназарова дар шаҳри Хуҷанд буда, мухлисон аз баргузорияш изҳори хушнудӣ кардаанд.

Гурӯҳи “Шамс” солҳо боз рӯи саҳнаи ҳунар аст, вале Мадина Ақназарова чанде пеш ба ин ҷода қадам ниҳод ва имрӯз аз зумраи овозхонҳои муваффақ аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here