Қадами Қурбон, овозхони тӯли чанд муддати охир сертамошобини тоҷик консерти навбатии худро дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад кард. Дар ин бора овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Баргузории барномаи консертӣ санаи 5-уми июли соли равон, соати 20 ба вақти Маскав дар тарабхонаи “Асаки” воқеъ дар кӯчаи Юных Ленинцев-12 ба нақша гирифта шудааст.

Ташкилкунандаи ин консерт, ки ба таври шабнишинӣ баргузор мегардад, “In Time Show” буда, ровӣ Александр Пак мебошад. Ҳамчунин, дар барнома иштироки Муборакшо Додалиев ва гурӯҳи “Нур” низ дар назар аст.

Ин нахустин сафар ва консерти Қадами Қурбон дар шаҳри Маскав набуда, қаблан ӯ дар моҳи феврали имсол низ ба Русия сафар анҷом дода буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here