Барномаи консертии Афзалшоҳ Шодиев, ки баргузорияш рӯзҳои 11 ва 12-уми май дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд дар нақша буд, боз ба таъхир афтод.

Ин барномаи консертӣ мебоист рӯзҳои 31-уми апрел ва 1-уми май дар шаҳри Хуҷанд баргузор бигардад, вале овозхон бо баҳонаи сафари хизматӣ ба Олмон консертро ба рӯзҳои 11 ва 12-уми май ба таъхир гузошта буд.

Овозхон бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ ва қарор доштанаш дар яке аз бемористонҳои Олмон ба консерти рӯзҳои 11 ва 12-уми май омада натавониста, бо як паёми видеоӣ дар ин бора аз Олмон хабар додааст.

“Ман 25 рӯз боз дар бемористони Германия қарор дорам. Аз мардуми Хуҷанд узр мепурсам. Мо ҳеҷ вақт ба мардуми Хуҷанд ноҳурматӣ намекунем. Сиҳату саломат ба Тоҷикистон баргардам, рӯзашро муайян карда дар Хуҷанд консерт медиҳам. Илоҳо ҳама мардуми Хуҷанд саломат бошанд ва умри дароз бинанд”,-гуфтааст овозхон дар паёми видеоии худ.

Дар навор дида мешавад, ки ҳоли овозхон он қадар хуб нест ва дар бистари беморӣ қарор дорад. Дар бораи кай шифо ёфтану ба Ватан баргаштан ва баргузор намудани барномаи консертӣ дар Хуҷанд маълумоти пурра вуҷуд надорад.

Ташкилкунандагони консерт дар шаҳри Хуҷанд аз мухлисон хоҳиш намудаанд, ки чиптаҳои харидаашонро баргардонида, маблағи худро бозпас бигиранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here