Криштиану Роналдо футболбози маъруфи ҷаҳон, пас аз задани гол ба дастаи рақиб, хост аз лабони ҳамдастаи худ Пауло Дибала бӯса кунад. 

Дар бозии охири худ, Криштиану Роналдо футболбози бошгоҳи “Ювентус”, бо задани ду гол ба дастаи “Парма” ғолибият ба даст овард. Дар вақти ҷашнгирии голи дуюм Роналдо хост аз лабони ҳамдастаи худ Пауло Дибала, ки барои задани гол ба ӯ кӯмак намуда буд, бӯса кунад.

Ин воқеаро айни ҳол, тамоми расонаҳои ҷаҳонӣ инъикос намуда истодаанд. Назари расмии Роналдо ё Дибала, оид ба воқеаи рӯйдода маълум нест. Ҳарду бозингар ин рӯйдодро шарҳ надодаанд.

Роналдо аз моҳи августи соли 2018 аз дастаи “Реал Мадрид” ба бошгоҳи “Ювентус” бо маблағи сад млн евро омада буд.

Бозигар солона 33 млн евро аз бошгоҳи мазкур маош мегирад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here