Ҳаҷвнигори номии тоҷик Ташриф Халилов якҷо бо ширкати “asadfilm sabo” бо 250 таксӣ ба оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон кӯмаки моддӣ расонид. Маблағи кӯмак тақрибан 300 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Навори кӯтоҳи кумак бо 250 таксӣ дар ютубканали “Asad film” нашр шудааст. Дар навор дида мешавад, ки ҳаҷвнигор ва кормандони ширкати мазкур бо таксиҳои ширкати “Олуча” борхалтаҳоро бор мекунанд ва ба дасти сокинон 30 сомонӣ маблағ медиҳанд.

Ташриф дар фарҷом мегӯяд, эй он нафаре, ки мегуфтӣ агар нафаре бо 200 таксӣ кӯмак равон кунад, пагоҳаш ҳазор таксӣ кумак равон мекунам. Бубин мо масъалаи 250 таксиро дидем. Акнун навбати туст.

Ин хитоби ҳаҷвнигор бо продюсери тоҷик Мансур Нигматов буд, ки мавсуф моҳи октябр бо 108 таксӣ бо оилаҳои камбизоат кумак равон карда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here