Овозхон ва рӯзноманигори шинохта Зиёвиддини Нурзод китоби севуми худро, ки шеъру ёддоштҳояшро дарбар гирифтааст, аз чоп баровард.

Овозхон дар сӯҳбати телефонӣ ба сомонаи “Padida” иброз намуд, ки нашри китоби нав барояш мисли тавлиди як фарзанд ҳисси хубе бахшидааст.

“Ҳисси хубе мисли тавлиди як фарзанд, монанди як субҳи содаю рӯшан, як эҳсосе хостанию дӯстдоштанӣ ва нерӯбахш. Ҳарчанд ин маҷмӯаи саввум аст ва бояд думболи хеш одат карданҳое бояд дошта бошад, лекин ин тур нест. Бозам писанди хотир аст. Чун паси ҳар ҳарфу ҳиҷо як ғалаёни ошност, як шӯри зиндагист, дарду ҳасратҳои рӯзгор аст. Ба он хотир “Лабханди ашк”-аш гуфтам, чун ҳолатҳои хандаву гиря омезиш ёфтаанд”.

Ин китоби севуми овозхон аст, ки аз чоп мебарояд. Қаблан ӯ маҷмӯаҳои “Садои ошно” ва “Лонаи тақдир”-ро аз чоп бароварда, ба ҳаводорони шеър тақдим карда буд.

Порча аз китоби тозанашри “Лабханди ашк”

Он шабе, ки модарам дар тобу таб месӯхт,
Чеҳрааш коҳидаву хушкидалаб месӯхт.
Интиҳои зулмати аъмоқи дардолуд,
Субҳ доман мекашиду моҳи шаб месӯхт,
Модарам танҳои танҳо буд…

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here