Имрӯз, 30-юми октябри соли равон дар меҳмонхонаи “Авесто”-и шаҳри Душанбе намоиши мӯди тарроҳони эстонӣ ба анҷом расид.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар, намоиш таҳти унвони “Ман эстонибонуям” санаи 19-уми октябр оғоз гардида, дар он маҳсули дастранҷи 15 нафар тарроҳи номии Эстония ба маъраз гузошта шуда буд.

Ҳамоҳангсози намоиш, тарроҳи машҳури эстонӣ мегӯяд, қолинҳое, ки ба намоиш гузошта шудаанд, таърихи зиёда аз 100-сола доранд ва мақсад нишон додани робитаи дирӯзу имрӯз мебошад.

“Тавре мебинед, дар пасманзари ҳамаи аксҳо гилемҳои нақшу нигори миллидошта истифода шудаанд. Аксари ин қолинҳо аз осорхонаҳо гирифта шуда, зиёда аз 100 сол доранд. Мо онҳоро бо мақсади нишон додани робитаи дирӯз ва имрӯз истифода бурдаем. Яъне, усулҳои либосдӯзӣ, нақшу нигор ва унсурҳои он низ тӯли асрҳо инкишоф ёфтаанд ва имрӯз бо намуди нав мувофиқи диди муосир ва талабот ба либос истифода мешаванд”.

Ҳамчунин, Ану Ҳинт иброз медорад, бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон меояд ва либоспӯшии занҳои тоҷик ӯву ҳамроҳонашро дар ҳайрат гузоштааст.

“Ман дидам, ки бонувони тоҷик пӯшидани либоси миллиро дӯст медоранд. Дар кӯчаҳо чунин бонувонро хеле бисёр вохӯрдем ва ин маро ба ҳайрат гузошт. Дар бисёр кишварҳо будам, аммо дар ҳеҷ як кишвари дигар ин қадар бонувони зиёдро бо либоси миллӣ надидаам. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки бонувони тоҷик либоси миллии худро дӯст медоранд ва он зебову мувофиқ аст”.

Дар намоиши мазкур, ки дар 30 кишвари ҷаҳон баргузор гардидааст, зиёда аз 20 тарҳи гуногуни либоси муосири бонувони эстонӣ, ки бо истифода аз анъана ва унсурҳои миллии либосдӯзӣ таҳия шудаанд, дар намуди аксҳо манзури мухлисони муд гардиданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here