Сомонаи расмии дастаи футболи “Барселона” гузариши нимҳимоятгари дастаи “Гронинген” Людовит Рейсро ба дастаи худ расман эълон кард.

Санаи 23-юми майи соли равон, дастаи “Барселона” бо ин футболбози 19 солаи ҳолландӣ шартномаи 3 соларо ба имзо расонид. Маблағи гузариши ӯ 3.25 млн евроро дар бар мегирад.

Ҳар дастае, ки дар оянда харидори Рейс мешавад, бояд ба хазинаи “Барселона” 100 млн евро пардохт намояд. Рейс шурӯъ аз мавсими нав рақобатро дар бошгоҳи “Барселона Б” оғоз мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Рейс дар дастаи “Гронинген”-и Нидерландия аз соли 2017 то соли 2019 дар 45 дидор иштирок карда, 2 голро ба номи худ сабт кардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here